https://sputnik.tj/20221130/rusiya-suzishvori-imtiyoz-tojikiston-beshtar-1053159270.html
Русия сӯзишвории имтиёзиро ба Тоҷикистон бештар медиҳад
Русия сӯзишвории имтиёзиро ба Тоҷикистон бештар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Вазоратҳои соҳавии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳаҷми вуруди маҳсулоти нафтӣ ба ҶТ, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ аз ФР сурат мегирад, мувофиқа кардаанд
2022-11-30T10:22+0500
2022-11-30T10:22+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
энергетика
сӯзишворӣ
маҳсулот
нафт
воридот
содирот
боҷ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102743/47/1027434773_0:52:2049:1204_1920x0_80_0_0_864d9293de548b4ff7fd9131dd2dfb6c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Русия дар соли 2023 ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ сурат мегирад, афзоиш медиҳад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар додааст. Муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва муовини аввали вазири энержии Русия Павел Сорокин дар пайи як мулоқот дар Маскав санад дар бораи ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро барои соли оянда имзо карданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини навъҳои асосии маҳсулоти нафтӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок, яъне бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ маводи сӯхти Русияро дарёфт мекунад. Ҳамасола сохторҳои ҳукуматии ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истеъмоли дохилии Тоҷикистонро барои соли оянда мувофиқа мекунанду асноди дахлдорро ба имзо мерасонанд. Шарти асосии таъмини имтиёзноки маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон ин истиснои содироташ ба кишварҳои сеюм мебошад. Маврид ба зикр аст, ки мешавад, ки ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтии имтиёзнок барои соли 2022 чун солҳои қаблӣ – 830 ҳазор тонна боқӣ монд. Солҳои пеш воридоти воқеии сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ аз Русия ҳудуди 600 ҳазор тоннаро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20221111/furushanda-suzishvori-tojikiston-somoni-daromad-1052757008.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102743/47/1027434773_186:0:1861:1256_1920x0_80_0_0_13c3a986cc320bf2d50e953b25ed4b5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавофуқ, маскав, душанбе, ҳаҷм, сӯзишворӣ, интиқол
тавофуқ, маскав, душанбе, ҳаҷм, сӯзишворӣ, интиқол
Русия сӯзишвории имтиёзиро ба Тоҷикистон бештар медиҳад
10:22 30.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Вазоратҳои соҳавии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳаҷми вуруди маҳсулоти нафтӣ ба ҶТ, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ аз ФР сурат мегирад, мувофиқа кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Русия дар соли 2023 ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ сурат мегирад, афзоиш медиҳад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва муовини аввали вазири энержии Русия Павел Сорокин дар пайи як мулоқот дар Маскав санад дар бораи ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро барои соли оянда имзо карданд.
"Мутобиқи ин санад, ҳаҷми умумӣ, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ нисбат ба соли гузашта ба бозори дохилии Тоҷикистон зиёд карда шудаст", - омадааст дар иттилоия.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини навъҳои асосии маҳсулоти нафтӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.
Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок, яъне бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ маводи сӯхти Русияро дарёфт мекунад.
Ҳамасола сохторҳои ҳукуматии ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истеъмоли дохилии Тоҷикистонро барои соли оянда мувофиқа мекунанду асноди дахлдорро ба имзо мерасонанд.
Шарти асосии таъмини имтиёзноки маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон ин истиснои содироташ ба кишварҳои сеюм мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мешавад, ки ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтии имтиёзнок барои соли 2022 чун солҳои қаблӣ – 830 ҳазор тонна боқӣ монд. Солҳои пеш воридоти воқеии сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ аз Русия ҳудуди 600 ҳазор тоннаро ташкил медод.