https://sputnik.tj/20221218/afzoish-kharojoti-majlisi-milli-1053597525.html
Афзоиши хароҷоти Маҷлиси миллӣ: пул куҷо меравад?
Афзоиши хароҷоти Маҷлиси миллӣ: пул куҷо меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи кормандлони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад, бетағйир боқӣ монд
2022-12-18T10:33+0500
2022-12-18T10:33+0500
2022-12-25T17:43+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
маҷлиси миллӣ
буҷа
дастгоҳ
маош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044228311_0:13:768:445_1920x0_80_0_0_dbfba453ac17dd789362f0f2574d1340.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро дар соли 2023 тасдиқ кард. Бар асоси ин санад, ки роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Илёс Идрисзода ҳафтаи равон дар ҷаласа муаррифӣ намуд, хароҷоти палатаи болоии парлумон дар соли оянда 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар қиёс бо нишондоди тасдиқшудаи хароҷот барои соли равон 1,4 млн сомонӣ бештар мебошад. Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд. Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамчунин тавзеҳ дод, ки маблағҳои мазкур асосан барои чӣ сарф мешаванд. "Асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегарданд", - изҳор дошт ӯ. Маврид ба зикр аст, ки дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки ҳанӯз соли 2019 тасдиқ шудаанд, ягон тағйирот ворид нагардидааст. Ба иттилои Идрисзода басти вазифаҳои дастгоҳи палатаи болоии парлумон аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли равон низ аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.Қаблан Маҷлиси миллӣ барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Дастгоҳи Маҷлис озмун эълон карда буд, ки маош аз 1200 сомонӣ то 3300 сомониро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20221216/general-mirzonabot-muovin-rustami-emomali-1053575361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044228311_373:125:800:445_1920x0_80_0_0_eb35080097cd8b54dda48f9312f70383.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасдиқ, хароҷот, маҷлиси миллӣ, сол, оянда
тасдиқ, хароҷот, маҷлиси миллӣ, сол, оянда
Афзоиши хароҷоти Маҷлиси миллӣ: пул куҷо меравад?
10:33 18.12.2022 (Навсозишуда: 17:43 25.12.2022) Шумораи кормандони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад, бетағйир боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро дар соли 2023 тасдиқ кард.
Бар асоси ин санад, ки роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Илёс Идрисзода ҳафтаи равон дар ҷаласа муаррифӣ намуд, хароҷоти палатаи болоии парлумон дар соли оянда 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ин маблағ дар қиёс бо нишондоди тасдиқшудаи хароҷот барои соли равон 1,4 млн сомонӣ бештар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.
Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамчунин тавзеҳ дод, ки маблағҳои мазкур асосан барои чӣ сарф мешаванд.
"Асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегарданд", - изҳор дошт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки ҳанӯз соли 2019 тасдиқ шудаанд, ягон тағйирот ворид нагардидааст. Ба иттилои Идрисзода басти вазифаҳои дастгоҳи палатаи болоии парлумон аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли равон низ аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Қаблан Маҷлиси миллӣ барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Дастгоҳи Маҷлис озмун эълон карда буд, ки маош аз 1200 сомонӣ то 3300 сомониро ташкил медод.