https://sputnik.tj/20221216/general-mirzonabot-muovin-rustami-emomali-1053575361.html
Генерал Мирзонабот муовини Рустами Эмомалӣ шуд: Ӯ ба номи халқ савганд хӯрд
Генерал Мирзонабот муовини Рустами Эмомалӣ шуд: Ӯ ба номи халқ савганд хӯрд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб гардида, ба номи халқ савганд ёд кард
2022-12-16T16:59+0500
2022-12-16T16:59+0500
2022-12-16T17:06+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҷлиси миллӣ
тағйирот
вмкб
алишер мирзонабот
узв
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/10/1053575204_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_38f662cd6eb998b9881e9b0e1491ef11.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон узви тозаинтихоб аз ВМКБ, Алишер Мирзонаботро ба мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар интихоб кардаанд. Генерал Мирзонабот дар ин мақом Ёдгор Файзов, собиқ узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ҳамзамон раиси ин вилоятро иваз намуд. Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ зикр намудаст, ки Мирзонабот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда баранда шуд. Манбаъ афзуд, тибқи муқаррарот узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, Мирзонабот Алишер ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард. Пештар ваколатҳои Ёдгор Файзов пеш аз муҳлат қатъ гардиданд. Дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда буд.Инчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Исматзода Азизулло дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда узви палатаи болоии парлумон шуда, савганд ёд кард. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бавосита, аз ҷониби вакилони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар маҷмуъ қонунгузорӣ шумораи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро 33 нафар муқаррар кардааст.
https://sputnik.tj/20221216/jonibdori-taghyiri-nomi-jirgatol-majlisi-milli-1053573303.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/10/1053575204_163:0:1983:1365_1920x0_80_0_0_c5f19065ccfb9297f2ed67372d08070f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақом, нав, алишер, мирзонабот, генерал
мақом, нав, алишер, мирзонабот, генерал
Генерал Мирзонабот муовини Рустами Эмомалӣ шуд: Ӯ ба номи халқ савганд хӯрд
16:59 16.12.2022 (Навсозишуда: 17:06 16.12.2022) Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб гардида, ба номи халқ савганд ёд кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон узви тозаинтихоб аз ВМКБ, Алишер Мирзонаботро ба мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар интихоб кардаанд.
Генерал Мирзонабот дар ин мақом Ёдгор Файзов, собиқ узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ҳамзамон раиси ин вилоятро иваз намуд.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ зикр намудаст, ки Мирзонабот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда баранда шуд.
Манбаъ афзуд, тибқи муқаррарот узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, Мирзонабот Алишер ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.
Пештар ваколатҳои Ёдгор Файзов пеш аз муҳлат қатъ гардиданд. Дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда буд.
Инчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Исматзода Азизулло дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда узви палатаи болоии парлумон шуда, савганд ёд кард.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бавосита, аз ҷониби вакилони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар маҷмуъ қонунгузорӣ шумораи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро 33 нафар муқаррар кардааст.