https://sputnik.tj/20221217/rusiya-jinoyatkor-muhojiron-afzudaast-1053585486.html
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи тафтишоти Русия муайян намудааст, ки ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандонии хориҷӣ аз ҳама беш дар се минтақаи Русия сурат мегирад
2022-12-17T12:32+0500
2022-12-17T12:32+0500
2022-12-17T13:04+0500
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шумораи бештари ҷиноятҳо, ки аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ содир мешаванд бештар ба шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд. Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба сиёсати муҳоҷират хабар дод. Бастрикин пешниҳод кардааст, ки ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи роҳбарони ин субъектҳоро бештар ҷалб намуда, вазъро пурра таҳлил карда, барои пешгирӣ аз он чораҳои иловагӣ бояд андешид.Раиси Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфт, ки дар ин ниҳод низоми ҳисоботи омории идоравӣ оид ба баррасии гузоришҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ оид ба ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон таҳия ва роҳандозӣ шудааст, ки ба зудӣ ба даст овардани маълумот мусоидат мекунад. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки афзоиши фаъолияти ҷиноии муҳоҷирони корӣ "тақозо мекунад, ки барои такмили сиёсати муҳоҷират бо ворид кардани тағйироти дахлдор ба қонунгузории ҷорӣ чораҳои муассир андешида шаванд". Дар ин нишаст ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар заминаи эҷоди филтри ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди кадрҳои беихтисос ба Русия, ки “аксар вақт аз ашхоси майли содир кардани ҷиноят иборатанд” баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20221119/zanozani-muhojiron-anbor-ozon-maskav-1052943955.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷирони корӣ ҷинояткорӣ
русия муҳоҷирони корӣ ҷинояткорӣ
Дар Русия ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзудааст
12:32 17.12.2022 (Навсозишуда: 13:04 17.12.2022) Кумитаи тафтишоти Русия муайян намудааст, ки ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандонии хориҷӣ аз ҳама беш дар се минтақаи Русия сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шумораи бештари ҷиноятҳо, ки аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ содир мешаванд бештар ба шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба сиёсати муҳоҷират хабар дод.
"Дар пасманзари афзоиши теъдоди умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба кишвар ворид мешаванд, афзоиши ҷиноятҳо аз ҷониби ин тоифаи шаҳрвандон, ба хусус дар Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург низ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Бастрикин пешниҳод кардааст, ки ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи роҳбарони ин субъектҳоро бештар ҷалб намуда, вазъро пурра таҳлил карда, барои пешгирӣ аз он чораҳои иловагӣ бояд андешид.
Раиси Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфт, ки дар ин ниҳод низоми ҳисоботи омории идоравӣ оид ба баррасии гузоришҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ оид ба ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон таҳия ва роҳандозӣ шудааст, ки ба зудӣ ба даст овардани маълумот мусоидат мекунад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки афзоиши фаъолияти ҷиноии муҳоҷирони корӣ "тақозо мекунад, ки барои такмили сиёсати муҳоҷират бо ворид кардани тағйироти дахлдор ба қонунгузории ҷорӣ чораҳои муассир андешида шаванд".
Дар ин нишаст ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар заминаи эҷоди филтри ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди кадрҳои беихтисос ба Русия, ки “аксар вақт аз ашхоси майли содир кардани ҷиноят иборатанд” баррасӣ шуд.