https://sputnik.tj/20221119/zanozani-muhojiron-anbor-ozon-maskav-1052943955.html
Занозании муҳоҷирон дар анбори "Ozon"-и канори Маскав: як нафар осеб дид
Занозании муҳоҷирон дар анбори "Ozon"-и канори Маскав: як нафар осеб дид
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари ин ҳодиса танҳо як нафар бо зарби корд маҷруҳ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ҳодисаи мазкурро пурра тафтиш мекунанд 19.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-19T18:22+0500
2022-11-19T18:22+0500
2022-11-19T18:22+0500
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041987355_0:18:2000:1143_1920x0_80_0_0_af51ae6516ed6bc2522cf4c3f5a938df.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Муноқишаи лафзӣ миёни ду гурӯҳи одамон дар як анбори шаҳри Пушкин ба занозанӣ печид ва дар натиҷа як нафар захмӣ шуд. Дар ин бора ба ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав хабар доданд.Маълумот дар бораи муноқиша дар яке аз анборҳои Пушкин ба пулис рӯзи 18 ноябр соати тахминан соати 00:30 ба вақти Маскав расид."Кормандони милиса, ки ба суроғаи дар боло зикргардида расидаанд, қаблан муайян кардаанд, ки миёни ду гурӯҳи мардон муноқишаи лафзӣ ба вуқӯъ омада, ба занозанӣ мубаддал шудааст ва дар ҷараёни он яке аз иштирокчиён ба ҳамкорашро бо корд маҷрӯҳ кардааст", - омадааст дар хабаръ.Сарраёсати ВКД афзуд, дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар бо ҷароҳатҳои сабук барои кумак ба табибон муроҷиат кардааст. Пулис тамоми ҳолатҳои ҳодисаро муайян мекунад.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хабар доданд, ки дар занозанӣ аслан муқоҷирон кор мекарданд. Сабаби муноқиша ва баъдан занозанӣ ихтилоф дар сари навбатпоӣбудааст.Қаблан Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар афзудааст."Теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 10 дарсад бештар будааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҷиноятҳо дар панҷ соли охир ба ҳадди баландтарин расидааст", - зикр шуда буд дар хабари вазорат.
https://sputnik.tj/20221029/rusiya-jinoyatkori-muhojiron-afzud-1052512231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041987355_227:0:1774:1160_1920x0_80_0_0_3b3d69b50edd3fc0b117e2c9479efae5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, муҳоҷирони корӣ
дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, муҳоҷирони корӣ
Занозании муҳоҷирон дар анбори "Ozon"-и канори Маскав: як нафар осеб дид
Бар асари ин ҳодиса танҳо як нафар бо зарби корд маҷруҳ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ҳодисаи мазкурро пурра тафтиш мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Муноқишаи лафзӣ миёни ду гурӯҳи одамон дар як анбори шаҳри Пушкин ба занозанӣ печид ва дар натиҷа як нафар захмӣ шуд.
Дар ин бора ба ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав хабар доданд.
Маълумот дар бораи муноқиша дар яке аз анборҳои Пушкин ба пулис рӯзи 18 ноябр соати тахминан соати 00:30 ба вақти Маскав расид.
"Кормандони милиса, ки ба суроғаи дар боло зикргардида расидаанд, қаблан муайян кардаанд, ки миёни ду гурӯҳи мардон муноқишаи лафзӣ ба вуқӯъ омада, ба занозанӣ мубаддал шудааст ва дар ҷараёни он яке аз иштирокчиён ба ҳамкорашро бо корд маҷрӯҳ кардааст", - омадааст дар хабаръ.
Сарраёсати ВКД афзуд, дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар бо ҷароҳатҳои сабук барои кумак ба табибон муроҷиат кардааст. Пулис тамоми ҳолатҳои ҳодисаро муайян мекунад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хабар доданд, ки дар занозанӣ аслан муқоҷирон кор мекарданд. Сабаби муноқиша ва баъдан занозанӣ ихтилоф дар сари навбатпоӣбудааст.
Қаблан Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар афзудааст.
"Теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 10 дарсад бештар будааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҷиноятҳо дар панҷ соли охир ба ҳадди баландтарин расидааст", - зикр шуда буд дар хабари вазорат.