https://sputnik.tj/20221214/ziyoratgoh-bankomat-khatlon-khizmat-sayyohon-1053510616.html
Беш аз 100 зиёратгоҳу 300 банкомат: Хатлон барои хизмат ба сайёҳон чӣ шароит дорад?
Беш аз 100 зиёратгоҳу 300 банкомат: Хатлон барои хизмат ба сайёҳон чӣ шароит дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Идораи сайёҳии ҳукумати Хатлон тавзеҳ дод, ки дар қаламрави вилоят чӣ шароиту чӣ инфрасохтор барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам аст
2022-12-14T14:30+0500
2022-12-14T14:30+0500
2022-12-14T14:30+0500
дар тоҷикистон
сайёҳ
хизмат
иттилоъ
бонк
фарҳанг
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089690_0:184:1920:1264_1920x0_80_0_0_0e4575bc3f2787374f32522621f59b11.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ мавҷуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор доранд. Дар ин бора рӯзномаи ҳукумати вилоят - "Хатлон" аз қавли мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, Дилшод Шоҳзода хабар дод. Ин масъули бахши сайёҳӣ ҳамчунин шароити фароҳамшударо тавзеҳ дода, афзудааст, ки дар ҳудуди вилоят 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ дар хизмати сайёҳонанд. Теъдоди тарабхонаҳо дар вилоят 132 адад ва шумораи зиёратгоҳҳо 115 адад арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин Хатлон 43 осорхона дорад. Барои расондани хадамоти молиявӣ ва мубодилотӣ дар ҳудуди вилоят 306 банкомат насб гардидаанд. Шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят 18 адад гуфта мешавад, ки ба расондани хадамот ба шаҳрвандони дохилию хориҷӣ машғул мебошанд. "Дар вилоят 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд, омадааст дар матлаб. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.Бар асоси иттилои расмӣ, дар давоми даҳ моҳи аввали соли равон беш аз 408 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз Хатлон дидан намудаанд, ки беш аз 15 ҳазор нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20221213/tojikiston-peshsaf-samt-gardish-sayyohoni-rus-1053475547.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089690_191:0:1899:1281_1920x0_80_0_0_822a9541d403e40ee428b7322742af9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздид, қариб, сайёҳ, хатлон
боздид, қариб, сайёҳ, хатлон
Беш аз 100 зиёратгоҳу 300 банкомат: Хатлон барои хизмат ба сайёҳон чӣ шароит дорад?
Идораи сайёҳии ҳукумати Хатлон тавзеҳ дод, ки дар қаламрави вилоят чӣ шароиту чӣ инфрасохтор барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам аст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ мавҷуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор доранд.
Дар ин бора рӯзномаи ҳукумати вилоят - "Хатлон" аз қавли мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, Дилшод Шоҳзода хабар дод.
Ин масъули бахши сайёҳӣ ҳамчунин шароити фароҳамшударо тавзеҳ дода, афзудааст, ки дар ҳудуди вилоят 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ дар хизмати сайёҳонанд.
Теъдоди тарабхонаҳо дар вилоят 132 адад ва шумораи зиёратгоҳҳо 115 адад арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин Хатлон 43 осорхона дорад.
Барои расондани хадамоти молиявӣ ва мубодилотӣ дар ҳудуди вилоят 306 банкомат насб гардидаанд.
Шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят 18 адад гуфта мешавад, ки ба расондани хадамот ба шаҳрвандони дохилию хориҷӣ машғул мебошанд.
"Дар вилоят 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд, омадааст дар матлаб. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар давоми даҳ моҳи аввали соли равон беш аз 408 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз Хатлон дидан намудаанд, ки беш аз 15 ҳазор нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.