https://sputnik.tj/20221213/tojikiston-peshsaf-samt-gardish-sayyohoni-rus-1053475547.html
Тоҷикистон дар соли 2022 пешсафи самтҳои гардишгарӣ барои сайёҳони рус шуд
Тоҷикистон дар соли 2022 пешсафи самтҳои гардишгарӣ барои сайёҳони рус шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар садри топ-20 самти машҳури сайёҳӣ барои шаҳрвандони Русия шуд. Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар зинаҳои баъдӣ меистанд
2022-12-13T12:04+0500
2022-12-13T12:04+0500
2023-02-08T19:46+0500
сайёҳат
сайёҳӣ
дар тоҷикистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781947_0:125:1201:800_1920x0_80_0_0_8eacf0192eaab6d6b11d249fad187b67.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2022 аз рӯи самтҳои гардишгарӣ барои русҳо дар байни кишварҳои ҳамсоя пешсаф шуд. Ин аз маълумоти хадамоти сайёҳии Русия Tutu бармеояд, ки натиҷаҳои муқаддамотии соли 2022-ро ҷамъбаст карда, дар бораи маъруфтарин самтҳои ҳавоӣ гузориш додааст. Тамоюлҳои асосии парвозҳо ба хориҷа кишварҳои ҳамсояро дар бар мегиранд. Ҳамин тариқ, топ-20 кишвари машҳур, ки парвоз аз Русия дар соли 2022 ба он бештарро Тоҷикистон боз мекунад. Агар соли 2021 ҳиссаи мусофирон ба ҷумҳурӣ 4,89 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли ҷорӣ 17,22 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки ҳаҷми парвозҳои мусофирбарӣ ба кишварҳои дигар тақрибан бетағйир боқӣ монда, дар баъзе самтҳо ҳатто коҳиш ёфт. Ба ҳисоби миёна масрафи равуой дар соли 2021 тақрибан 24,9 ҳазор рублро ташкил медод. Дар соли 2022, аллакай ба 27,6 ҳазор рубл расид. Пас аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар соли 2022 аз кишварҳои хориҷ маъмултарин шуданд. Ба рейтинг Белорус, Қазоқистон ва Гурҷистон низ шомил шудаанд. Гуфта мешавад, ки агар дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя 5,7 дарсади теъдоди умумии чиптаҳои фурӯхташуда рост омада бошад, ҳоло ин ҳиссаи он ду баробар бештар шудааст. Ҳазинаи миёнаи парвоз дар ин масир давоми сол 8%, ба мамлакатҳои хориҷӣ дур — 74%, ба Аврупо — 92% афзуд. Ин бевосита ба он марбут аст, ки парвозҳои мустақим ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд шуда, ҳиссаи онҳо ба Аврупо коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20221130/toshkand-zarfiyat-sayyoh-tojikiston-muarrifi-1053161600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781947_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_98c213919cd17844dd196211b68fe2cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон пешсаф самтҳо гардишгарӣ сайёҳон рус
тоҷикистон пешсаф самтҳо гардишгарӣ сайёҳон рус
Тоҷикистон дар соли 2022 пешсафи самтҳои гардишгарӣ барои сайёҳони рус шуд
12:04 13.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Тоҷикистон дар садри топ-20 самти машҳури сайёҳӣ барои шаҳрвандони Русия шуд. Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар зинаҳои баъдӣ меистанд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2022 аз рӯи самтҳои гардишгарӣ барои русҳо дар байни кишварҳои ҳамсоя пешсаф шуд.
Ин аз маълумоти хадамоти сайёҳии Русия Tutu бармеояд, ки натиҷаҳои муқаддамотии соли 2022-ро ҷамъбаст карда, дар бораи маъруфтарин самтҳои ҳавоӣ гузориш додааст.
Тамоюлҳои асосии парвозҳо ба хориҷа кишварҳои ҳамсояро дар бар мегиранд.
Ҳамин тариқ, топ-20 кишвари машҳур, ки парвоз аз Русия дар соли 2022 ба он бештарро Тоҷикистон боз мекунад.
Агар соли 2021 ҳиссаи мусофирон ба ҷумҳурӣ 4,89 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли ҷорӣ 17,22 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки ҳаҷми парвозҳои мусофирбарӣ ба кишварҳои дигар тақрибан бетағйир боқӣ монда, дар баъзе самтҳо ҳатто коҳиш ёфт.
Ба ҳисоби миёна масрафи равуой дар соли 2021 тақрибан 24,9 ҳазор рублро ташкил медод. Дар соли 2022, аллакай ба 27,6 ҳазор рубл расид.
Пас аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар соли 2022 аз кишварҳои хориҷ маъмултарин шуданд.
Ба рейтинг Белорус, Қазоқистон ва Гурҷистон низ шомил шудаанд.
Гуфта мешавад, ки агар дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя 5,7 дарсади теъдоди умумии чиптаҳои фурӯхташуда рост омада бошад, ҳоло ин ҳиссаи он ду баробар бештар шудааст.
Ҳазинаи миёнаи парвоз дар ин масир давоми сол 8%, ба мамлакатҳои хориҷӣ дур — 74%, ба Аврупо — 92% афзуд.
Ин бевосита ба он марбут аст, ки парвозҳои мустақим ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд шуда, ҳиссаи онҳо ба Аврупо коҳиш ёфтааст.