Қаллобӣ дар бозори мошинҳои гаронарзишу хона дар Душанбе: таҳқиқи Додситонии кул

© Flickr \ James PalinsadКлючи от автомобиля, архивное фото
Ключи от автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Обуна шудан
Ду сокини шаҳри Душанбе дар он муттаҳам мешаванд, ки мошинҳоши гаронарзиш ба маблағи садҳо ҳазор долларро аз сокинон гирифта, пулашонро намедодаанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Марди 38 ва 41-сола, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд, иттилоъ дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, афроди муттаҳам дар расондани зарар ба шаҳрвандон ба маблағи миллионҳо сомонӣ гумонбар дониста мешаванд.
Аз ҷумла зикр шудаст, ки муттаҳамон аз сокини 34-солаи Душанбе, "Лексус-570"-ро 70 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифтааст.
Муттаҳамон ба соҳибмулк ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати 1 моҳ бармегардонанд, аммо автомашинаро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд, иттилоъ дод ВУД.
Таъкид шудаст, ки ҳамин тариқ номбурдагон аз марди 39-солаи дигар дар пойтахт, 3 адад худрави гаронарзиш - "Тойота камри" ва "Форд-мустанг", "Мерседес-бенс"-ро ҷамъ ба маблағи 122 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифтаанд.
Мигрант ждет рейс в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
"Сбербанк" аз фиреби тоҷикистониён аз сӯи қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
Ин дафъа низ ваъда додаанд, ки маблағашонро дар муддати кӯтоҳ бармегардонанд, аммо автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Дар як ҳолати дигар муттаҳамон нафари хонахарро фиреб додаанд. Аз ҷумла ба иттилои ВУД, аз марди 32-сола 48 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз биноҳои навсохтмон манзили истиқоматӣ гирифта медиҳанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудаст, ки ин дафъа низ муттаҳамон маблағро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0