https://sputnik.tj/20221111/sberbank-fireb-tojikistoniyon-qalloboni-telefoni-1052752412.html
"Сбербанк" аз фиреби тоҷикистониён аз сӯи қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
"Сбербанк" аз фиреби тоҷикистониён аз сӯи қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Марказҳои тамоси қаллобон, ки мақари аксарияташон Украина аст, 1,5 млрд бор кӯшиш карданд, аз тариқи зангҳои телефонӣ пули муштариёни бонкҳоро аз худ кунанд
2022-11-11T09:43+0500
2022-11-11T09:43+0500
2022-11-11T09:45+0500
дар тоҷикистон
молия
бонк
сбербанк
қаллобӣ
муштарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2861:1609_1920x0_80_0_0_39cff9801a779026f6830efb5f9ae2f9.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тоҷикистониён дар феҳрасти афроде қарор гирифтаанд, ки бештар ҳадафи қаллобон аз марказҳои тамос қарор гирифтаанд. Ин нукта дар як таҳқиқоте, ки "Сбербанк" анҷом додааст, таъкид шудааст. Бар асоси ин пажуҳиш, давоми моҳҳои гузаштаи соли равон қаллобон аз марказҳои тамос, ки мақари аксарияташон Украина мебошад, 1,5 млрд бор кӯшиш карданд, ки ба муштариёни бонк занг зананд, то пулашонро бидузданд. Таъкид гардидааст, ки зиёда аз 65%-и теъдоди умумии муштариёни "Сбербанк" мавриди сӯиқасди қаллобон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, бештари зангҳо аз марказҳои тамос ба рақамҳои русӣ меоянд. Дар ҷои дуюм Лаҳистон қарор дорад. Дар феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон нисбатан зиёд ҳадафи қаллобон қарор мегиранд, ҳамчунин Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларус зикр шуданд. Дар зимн иттилоъ дода шудааст, ки то 90%-и тамоми чунин марказҳои тамос, ки бар зидди шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигари ИДМ кор мекунанд, дар Украина ҷой гирифтаанд. Боқимондаҳо дар худи Русия ва ИДМ ҷойгиранд. Коршиносон афзудаанд, пас аз оғози амалиёти вижаи Русия ба ҳимояи Донбасс теъдоди чунин зангҳо 30% коҳиш ёфтааст. Сабаби ин падида метавонад барҳам додани марказҳои тамосе бошад, ки дар қаламравҳои ҳамроҳшуда ба Русия ҷойгир будаанд. Ҳамчунин ҳамлаҳо ба инфрасохтори энергетикию алоқаи шаҳрҳои асосии ҷойгиршавӣ аз омилҳои дигари коҳиши зангҳо аз сӯи қаллобон шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон низ паёмҳо дар мавриди зангҳо аз сӯи қаллобон зиёд нашр мешаванд.
https://sputnik.tj/20221011/hushdori-maqomot-pulsitoni-vazorat-saforat-1052039968.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_b1a8bd5bbe920a9f4c0e2747c491afc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, тоҷикистониён, пул, тасарруф, пул
ҳушдор, тоҷикистониён, пул, тасарруф, пул
"Сбербанк" аз фиреби тоҷикистониён аз сӯи қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
09:43 11.11.2022 (Навсозишуда: 09:45 11.11.2022) Марказҳои тамоси қаллобон, ки мақари аксарияташон Украина аст, 1,5 млрд бор кӯшиш карданд, аз тариқи зангҳои телефонӣ пули муштариёни бонкҳоро аз худ кунанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тоҷикистониён дар феҳрасти афроде қарор гирифтаанд, ки бештар ҳадафи қаллобон аз марказҳои тамос қарор гирифтаанд.
Ин нукта дар як таҳқиқоте, ки "Сбербанк" анҷом додааст, таъкид шудааст. Бар асоси ин пажуҳиш, давоми моҳҳои гузаштаи соли равон қаллобон аз марказҳои тамос, ки мақари аксарияташон Украина мебошад, 1,5 млрд бор кӯшиш карданд, ки ба муштариёни бонк занг зананд, то пулашонро бидузданд.
Таъкид гардидааст, ки зиёда аз 65%-и теъдоди умумии муштариёни "Сбербанк" мавриди сӯиқасди қаллобон қарор гирифтаанд.
"Дар як рӯз тақрибан 5 млн бор занг зада мешавад, аз ҷумла бо кумаки роботҳои виртуалӣ, ки қаллобон дар фаъолияти худ истифода мебаранд", - қайд карданд пажуҳишгарон.
Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, бештари зангҳо аз марказҳои тамос ба рақамҳои русӣ меоянд. Дар ҷои дуюм Лаҳистон қарор дорад.
Дар феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон нисбатан зиёд ҳадафи қаллобон қарор мегиранд, ҳамчунин Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларус зикр шуданд.
Дар зимн иттилоъ дода шудааст, ки то 90%-и тамоми чунин марказҳои тамос, ки бар зидди шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигари ИДМ кор мекунанд, дар Украина ҷой гирифтаанд. Боқимондаҳо дар худи Русия ва ИДМ ҷойгиранд.
Коршиносон афзудаанд, пас аз оғози амалиёти вижаи Русия ба ҳимояи Донбасс теъдоди чунин зангҳо 30% коҳиш ёфтааст. Сабаби ин падида метавонад барҳам додани марказҳои тамосе бошад, ки дар қаламравҳои ҳамроҳшуда ба Русия ҷойгир будаанд.
Ҳамчунин ҳамлаҳо ба инфрасохтори энергетикию алоқаи шаҳрҳои асосии ҷойгиршавӣ аз омилҳои дигари коҳиши зангҳо аз сӯи қаллобон шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон низ паёмҳо дар мавриди зангҳо аз сӯи қаллобон зиёд нашр мешаванд.