Рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: қурби асъор

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад. Рубл уфти бештар дошта, доллар низ майли поинравӣ дорад, аммо евро каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ давоми як шабонарӯз як сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 160 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори амрикоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.2069 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби доллар 10.2072 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ каме боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 10.7877 сомонӣ медиҳанд.
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Пасандозро бо кадом асъор бояд нигоҳ дошт? Посухи таҳлилгар
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 156 сомонӣ ва зимни фурӯш 162 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 159 ва дар фурӯш 161,5 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 159 ва 161,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 159 ва ҳангоми фурӯш 162 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0