https://sputnik.tj/20221004/pasandoz-asor-nigoh-1051854075.html
Пасандозро бо кадом асъор бояд нигоҳ дошт? Посухи таҳлилгар
Пасандозро бо кадом асъор бояд нигоҳ дошт? Посухи таҳлилгар
Sputnik Тоҷикистон
Сармоягузорон бояд зимни маблағгузорӣ ба дороиҳои хориҷӣ эҳтиёт бошанд, зеро бозорҳо дар ҳоли ҳозир дучори "хатарҳои инфрасохторӣ" мебошанд
2022-10-04T11:20+0500
2022-10-04T11:20+0500
2022-10-04T11:21+0500
иқтисод
дар русия
пасандоз
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102497/32/1024973290_0:0:3139:1765_1920x0_80_0_0_032c254cb4210ae4156e3b1c5e0be2d3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ҳамаи русиягиҳоое, ки пасандоз доранд, бояд сармояи худро бо асъоре гузоранд, ки ба хатарҳои инфрасохторӣ дучор намешавад. Дар ин бора ба хабаргузории "Прайм" таҳлилгари КСП "Капитал", Михаил Беспалов хабар додааст.Ба эътиқоди ин таҳлилгар, кишварҳои ғарбӣ метавонанд таҳримҳоеро дубора ҷорӣ кунанд, ки табодули доллар ва евроро душвор созад ва баъдан боиси афзоиши мизони комиссияҳо дар бонкҳо мешавад. Ин аст, ки коршинос гуфт, ки диверсификатсияи сармоягузорӣ беҳтарин вариант барои онҳое аст, ки дороиҳо доранд. Беспалов маслиҳат дод, ки сармоядорон сохтори дороияшонро дида бароянд ва ҳиссаи он воситае, ки дучори хавфи бештар аст, ба ҳадди имкон кам карда шавад. Даромаднокӣ ва хавфҳои дороӣ, дар навбати худ, ба ҳадафҳои дарозмуддати соҳиби он бояд мувофиқат кунанд. Коршинос ҳушдор дод, ки ҳоло сармоягузорон бояд зимни маблағгузорӣ ба дороиҳои хориҷӣ эҳтиёткор бошанд. Чун ба гуфтаи ӯ, бозорҳо феълан дар пасманзари бӯҳрон зери фишор қарор доранд ва набояд дар бораи хатарҳои инфрасохторӣ фаромӯш кард. "Ҳозир хатари нигоҳ доштани пасандозҳо бо доллари ғайринақдӣ ва евро афзоиш ёфтааст, зеро имкони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ вуҷуд дорад", - илова намуд ӯ.Таъкид гардид, ки маҳдудиятҳо метавонанд боз ҳам бар зидди унсурҳои инфрасохтори молиявии Русия равона карда шаванд, ки метавонад "мубодиларо бо ин асъор мушкил кунад".
https://sputnik.tj/20221003/qurb-rubl-dollar-oktyabr-1051824859.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102497/32/1024973290_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_493020bbd1090c5fec302aba6bcaf76a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, пасандоз, муфид, асъор
коршинос, пасандоз, муфид, асъор
Пасандозро бо кадом асъор бояд нигоҳ дошт? Посухи таҳлилгар
11:20 04.10.2022 (Навсозишуда: 11:21 04.10.2022) Сармоягузорон бояд зимни маблағгузорӣ ба дороиҳои хориҷӣ эҳтиёт бошанд, зеро бозорҳо дар ҳоли ҳозир дучори "хатарҳои инфрасохторӣ" мебошанд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ҳамаи русиягиҳоое, ки пасандоз доранд, бояд сармояи худро бо асъоре гузоранд, ки ба хатарҳои инфрасохторӣ дучор намешавад.
Дар ин бора ба хабаргузории "Прайм" таҳлилгари КСП "Капитал", Михаил Беспалов хабар додааст.
Ба эътиқоди ин таҳлилгар, кишварҳои ғарбӣ метавонанд таҳримҳоеро дубора ҷорӣ кунанд, ки табодули доллар ва евроро душвор созад ва баъдан боиси афзоиши мизони комиссияҳо дар бонкҳо мешавад.
Ин аст, ки коршинос гуфт, ки диверсификатсияи сармоягузорӣ беҳтарин вариант барои онҳое аст, ки дороиҳо доранд.
Беспалов маслиҳат дод, ки сармоядорон сохтори дороияшонро дида бароянд ва ҳиссаи он воситае, ки дучори хавфи бештар аст, ба ҳадди имкон кам карда шавад. Даромаднокӣ ва хавфҳои дороӣ, дар навбати худ, ба ҳадафҳои дарозмуддати соҳиби он бояд мувофиқат кунанд.
Коршинос ҳушдор дод, ки ҳоло сармоягузорон бояд зимни маблағгузорӣ ба дороиҳои хориҷӣ эҳтиёткор бошанд. Чун ба гуфтаи ӯ, бозорҳо феълан дар пасманзари бӯҳрон зери фишор қарор доранд ва набояд дар бораи хатарҳои инфрасохторӣ фаромӯш кард.
"Ҳозир хатари нигоҳ доштани пасандозҳо бо доллари ғайринақдӣ ва евро афзоиш ёфтааст, зеро имкони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ вуҷуд дорад", - илова намуд ӯ.
Таъкид гардид, ки маҳдудиятҳо метавонанд боз ҳам бар зидди унсурҳои инфрасохтори молиявии Русия равона карда шаванд, ки метавонад "мубодиларо бо ин асъор мушкил кунад".