Аз деҳқонӣ то раисӣ: тағйироти кадрӣ дар ВМКБ

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз кадри навтаъйин татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва иҷрои софдилонаю содиқонаи вазифаҳои хизматӣ хост
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Шоисматуллоев Комил Девонашоевич роҳбари дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъйин шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, қарор дар ин бораро раиси вилоят, Алишер Мирзонабот имзо карда, роҳбари нави дастгоҳ дар машварати назоратии назди раис муаррифӣ шудааст.
Таъкид шудаст, ки Шоисматуллоев хатмкардаи Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон буда, солҳои 1998 - 2001 ба ҳайси коргари оддӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Дзержинский кор кардааст.
Сипас солҳои 2006-2008 мутахассиси пешбари бахши Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон, 2008-2010 сармутахассиси бахши баҳисобгирии андӯхти нафақавии Маркази Минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ВМКБ фаъолият доштаст.
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Мирзонабот хостори рангубор ва чароғонкунии биноҳои Хоруғ шуд
Солҳои 2010-2013 дар мақомҳои сардор ва муовини Маркази Минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ адои вазифа намудаст.
Дар давоми солҳои 2013-2017 сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, аз соли 2017 то таъйиноташ ба мансаби раиси дастгоҳ, дар мақоми сардори Сарраёсати Агентии омори назди президент дар ВМКБ фаъолият кардаст.
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз кадри навтаъйин татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва иҷрои софдилонаю содиқонаи вазифаҳои хизматӣ хост.
Лентаи хабарҳо
0