https://sputnik.tj/20221205/amniyat-intikhobot-rustami-emomali-maskav-1053273927.html
Аз интихобот то амният: Рустами Эмомалӣ дар Маскав чиро баррасӣ мекунад?
Аз интихобот то амният: Рустами Эмомалӣ дар Маскав чиро баррасӣ мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав нахуст аз боғи "Заряде" дидан кард
2022-12-05T10:20+0500
2022-12-05T10:20+0500
2022-12-05T10:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
мулоқот
вячеслав володин
рустами эмомалӣ
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/05/1053273233_0:0:1254:705_1920x0_80_0_0_79e20da09d77716191694c01faa465ec.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ - СААД дар шаҳри Маскав қарор дорад. Ба иттилои СААД, дар мулоқот раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко, раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, ноибии раиси Сенати парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев иштирок мекунанд. Нахуст ҳайати меҳмононро роҳбари Ассамблеяи парламентии СААД, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин истиқбол карда, меҳмонон шоми 4 декабр аз боғи "Заряде" дар Маскав дидан кардаанд. Мулоқоти асосии роҳбарони парлумонҳо 5 декабр дар Хонаи Иттифоқҳои касаба баргузор мегардад. Интизор меравад, ки Ассамблеияи парлумонӣ лоиҳаҳои тавсиявӣ барои такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД дар бахши ҷилавгирӣ аз терроризми байналмилалиро баррасӣ намояд. Аз масоили меҳварии дигари мулоқоти мақомдорон ин таҳкими қонунгузорӣ барои ҳифзи низомҳои интихобот ва истиқлоли кишвар арзёбӣ шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар ин мулоқот ҳамчунин ҳайати Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таҳти раёсати Воҳид Ҷалолзода, раиси Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон ба ҳайси меҳмон иштирок хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20221128/zas-hal-nizo-saad-1053111250.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/05/1053273233_124:0:1064:705_1920x0_80_0_0_753fbdebf17210673e50d28719688a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ, мулоқот, маскав
рустами эмомалӣ, мулоқот, маскав
Аз интихобот то амният: Рустами Эмомалӣ дар Маскав чиро баррасӣ мекунад?
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав нахуст аз боғи "Заряде" дидан кард
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ - СААД дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Ба иттилои СААД, дар мулоқот раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко, раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, ноибии раиси Сенати парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев иштирок мекунанд.
Нахуст ҳайати меҳмононро роҳбари Ассамблеяи парламентии СААД, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин истиқбол карда, меҳмонон шоми 4 декабр аз боғи "Заряде" дар Маскав дидан кардаанд.
Мулоқоти асосии роҳбарони парлумонҳо 5 декабр дар Хонаи Иттифоқҳои касаба баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки Ассамблеияи парлумонӣ лоиҳаҳои тавсиявӣ барои такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД дар бахши ҷилавгирӣ аз терроризми байналмилалиро баррасӣ намояд.
Аз масоили меҳварии дигари мулоқоти мақомдорон ин таҳкими қонунгузорӣ барои ҳифзи низомҳои интихобот ва истиқлоли кишвар арзёбӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мулоқот ҳамчунин ҳайати Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таҳти раёсати Воҳид Ҷалолзода, раиси Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон ба ҳайси меҳмон иштирок хоҳанд кард.