Набояд гӯем, ки ин кори мо нест: Зас дар бораи ҳалли низоъҳо дар ҳудуди СААД

© Sputnik / Асатур Есаянц / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Обуна шудан
Ҳама гуна мухолифату низоъ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бояд танҳо бо талошҳои муштараки кишварҳои узв ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳалли низоъҳо дар доираи масъулияти СААД кори умумии аъзои он аст, на ҳар кишвари алоҳида, таъкид намуд дабири кулли созмон, Станислав Зас дар суҳбат бо телевизиони белорусии ОНТ.
Ба гуфтаи дабири кулл, хеле саривақтӣ ва мувофиқ аст, ки ҳаллу фасли ҳамаи низоъҳои мавҷуд дар минтақаи СААД дар авлавият гузошта шудааст.
"Мо набояд бигӯем, ки ин кори худи давлатҳост. Ин вазифаи умумии мост, то мо дар ҳудуди масъулияти солзмон ба сулҳ даст ёбем", - гуфт Зас.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки ин созмон талабот хоҳад дошт, зеро дар дурнамои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ шубҳае нест.
Илова бар ин, роҳбари созмон иттилоъ додаст, ки феълан як шӯрои ҳамоҳангсози амнияти биологӣ таъсис дода шуда истодааст, ки мушкилоти фаъолияти лабораторияҳои биологӣ дар як қатор кишварҳо баррасӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Зас, арзёбии коршиносонаи амнияти биологӣ дар чаҳорчӯби СААД муҳим аст, зеро бархе аз кишварҳо "дар ин замина хатареро мебинанд".
Инчунин дабири кулл таъкид намуд, ки СААД то ҳол ба дафъи ҳамлаҳои гибридӣ комилан омода нест, чун аз аввал барои ҳимоя аз ҳамлаҳои сирф низомӣ таъсис дода шуд. Ӯ қайд кард, ки таъсири гибридӣ шаклҳои гуногун дорад, ки ҳам сирф низомӣ ва ҳам таҳримҳо дар соҳаи иқтисод, дар соҳаи ВАО ва сиёсат мебошанд.
Просветительский марафон Новое знание. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Песков: Дар ҷаласаи СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
Вай таъкид намуд, ки такмили созмон барои истодагарӣ дар баробари ҷангҳои гибридӣ низ сурат гирифта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко изҳор дошт, ки кишвараш раёсати СААД-ро "дар давраи бӯҳрони системавӣ дар равобити байналмилалӣ" ба ӯҳда мегирад.
Вай итминон дод, ки дар аҳди раёсати Беларус тамоми талошҳои дипломатиро ба харҷ хоҳад дод, ки ташаннуҷу зарфияти низоъ коҳиш ёбаду сатҳи эътимоди мутақобила тавассути иқдомоти муштараки аъзои СААД боло бардошта шавад.
Лентаи хабарҳо
0