https://sputnik.tj/20221203/munoqisha-marz-tojikiston-qirghiziston-sokin-mahalli-zakhmi-1053249956.html
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини Сомониён, ки аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон сангборон шуд, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористони ҷамоати Чоркӯҳ интиқол дода шуд 03.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-03T13:18+0500
2022-12-03T13:18+0500
2022-12-03T17:04+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз нооромӣ рух дод. Ин навбат сокинони наздимарзӣ ҳамдигарро сангборон карданд.Дар ин бора манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Манбаъ гуфт, даргирӣ миёни сокинони назидмарзии деҳаи Сомониёни Исфараи ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Куктоши Бодканд рух дод."Муноқиша замоне рух дод, ки як сокини Сомониён, ки аз роҳ мегузашт ва аз ҷониби гурӯҳи сокинони Куктош сангборон шуд. Дар натиҷа, ӯ аз ноҳияи сараш сахт осеб дид. Дар паи ин муноқиша сокинони дигари Сомониён низ, сангҳои ҷавобӣ сар доданд", - изҳор дошт манбаъ.Феълан, сокини ҷароҳатбардоштаи Сомониён дар бемористони ҷамоати Чоркӯҳ бистарӣ шуд.Манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир марзбонони маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва музокирот доранд.Тоҷикистону Қирғизистон пайваста дар мавриди аломатгузории марзи муштарак мулоқотҳо баргузор мекунанд.Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии навбатӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.
https://sputnik.tj/20221117/jaboroov-bahshoi-marzi-tojikiston-1052897559.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон
дар тоҷикистон, қирғизистон
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд
13:18 03.12.2022 (Навсозишуда: 17:04 03.12.2022) Як сокини Сомониён, ки аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон сангборон шуд, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористони ҷамоати Чоркӯҳ интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз нооромӣ рух дод. Ин навбат сокинони наздимарзӣ ҳамдигарро сангборон карданд.
Дар ин бора манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, даргирӣ миёни сокинони назидмарзии деҳаи Сомониёни Исфараи ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Куктоши Бодканд рух дод.
"Муноқиша замоне рух дод, ки як сокини Сомониён, ки аз роҳ мегузашт ва аз ҷониби гурӯҳи сокинони Куктош сангборон шуд. Дар натиҷа, ӯ аз ноҳияи сараш сахт осеб дид. Дар паи ин муноқиша сокинони дигари Сомониён низ, сангҳои ҷавобӣ сар доданд", - изҳор дошт манбаъ.
Феълан, сокини ҷароҳатбардоштаи Сомониён дар бемористони ҷамоати Чоркӯҳ бистарӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир марзбонони маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва музокирот доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон пайваста дар мавриди аломатгузории марзи муштарак мулоқотҳо баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии навбатӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.