https://sputnik.tj/20221117/jaboroov-bahshoi-marzi-tojikiston-1052897559.html
Ҷабороов гуфт кай баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд
Ҷабороов гуфт кай баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон ахиран гуфт, ки то охири соли равон тарҳи ҳалли масоили марзӣ бо Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ироа мешавад
2022-11-17T18:55+0500
2022-11-17T18:55+0500
2022-11-17T18:55+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
ҳалли низоъ
баҳсҳои сарҳадӣ
содир ҷабборов
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050151892_0:0:2835:1595_1920x0_80_0_0_ab940057abcb259b86ecab42ee7462e0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя— Sputnik. Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон имкон дорад то охири соли равон ҳал шавад.Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар порлумон пас аз тасвиби созишнома бо Ӯзбекистон изҳор дошт.Вай таъкид кард, ки барои сулҳ ва тавофуқи мутақобила бо ҳамсояҳо бояд талош кард, то сокинони ин ду ҷумҳурӣ дигар дар муноқишаҳои марзӣ ҷонашонро аз даст надиҳанд.Рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи охирин қитъаҳои баҳсбарангези марзи ду кишварро тасвиб карданд.Тибқи ин тарҳ, ҳудуди 19 ҳазор гектар минтақаҳои баҳсбрангез ба контроли Қирғизистон мегузарад ва ба Ӯзбакистон 4,5 ҳазор гектар, аз ҷумла обанбори Кемпир-ободро мегузарад.Тоҷикистону Қирғизистон пайваста дар мавриди аломатгузории марзи муштарак мулоқотҳо баргузор мекунанд.Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии навбатӣ сурат гирифт.Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.
https://sputnik.tj/20221110/eron-halli-ikhtilofi-marzi-tojikiston-qirghiziston-kumak-1052744642.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050151892_394:0:2835:1831_1920x0_80_0_0_bb67b8b4ef07dcf7e0a48dfe428b9862.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, содир ҷабборов, марз, баҳсҳои марзӣ, ҳалли масъала, тарҳ
тоҷикистон, қирғизистон, содир ҷабборов, марз, баҳсҳои марзӣ, ҳалли масъала, тарҳ
Ҷабороов гуфт кай баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд
Раисҷумҳури Қирғизистон ахиран гуфт, ки то охири соли равон тарҳи ҳалли масоили марзӣ бо Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ироа мешавад
ДУШАНБЕ, 17 ноя— Sputnik. Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон имкон дорад то охири соли равон ҳал шавад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар порлумон пас аз тасвиби созишнома бо Ӯзбекистон изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки барои сулҳ ва тавофуқи мутақобила бо ҳамсояҳо бояд талош кард, то сокинони ин ду ҷумҳурӣ дигар дар муноқишаҳои марзӣ ҷонашонро аз даст надиҳанд.
"Ҳоло мо ба масъалаи марз бо Тоҷикистон машғул мешавем. Агар монеа набошад, Худо хоҳад, то соли нав лоиҳаро пешниҳод мекунем", - гуфт ӯ.
Рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи охирин қитъаҳои баҳсбарангези марзи ду кишварро тасвиб карданд.
Тибқи ин тарҳ, ҳудуди 19 ҳазор гектар минтақаҳои баҳсбрангез ба контроли Қирғизистон мегузарад ва ба Ӯзбакистон 4,5 ҳазор гектар, аз ҷумла обанбори Кемпир-ободро мегузарад.
Тоҷикистону Қирғизистон пайваста дар мавриди аломатгузории марзи муштарак мулоқотҳо баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии навбатӣ сурат гирифт.
Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.