https://sputnik.tj/20221201/tojikiston-korthoi-pardokhtii-bonki-afzoish-1053219238.html
Дар Тоҷикистон шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 50% афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 50% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Бонкҳои Тоҷикистон технологияҳои муосири пардохтиро татбиқ намуда, ба аҳолӣ роҳи осони ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд
2022-12-01T21:30+0500
2022-12-01T21:30+0500
2022-12-01T21:30+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
корти пардохт
бонк
хизматрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/82/1031198219_0:61:3167:1842_1920x0_80_0_0_a0daad6e4b7281fe99325395f2f743d0.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон то 31 октябри соли равон аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 4 821,2 ҳазор адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд.Тибқи иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,1 фоиз зиёд мебошад.Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 602 адад банкомат ва 2 074 адад терминали электронӣ насб намудаанд.Ҳамзамон тибқи иттилои ҳамин манбаъ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 3 933 адад POS - терминал ва 16 861 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 теъдоди онҳо мувофиқан 29,6 фоиз ва 61,2 фоиз зиёд мебошанд.Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 26,3 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 6,08 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо назар ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи шумора 41,9% фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,2 маротиба зиёд мебошад.Бонки миллӣ зикр кардааст, ки дар амал татбиқ кардани технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ яке аз равандҳои муосир дар низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, аз соли 2018 инҷониб ташкилотҳои қарзии молиявӣ ин усули пардохтҳои ғайринақдиро ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд.
https://sputnik.tj/20221102/gulanor-atobek-raisi-navi-alif-bonk-tayin-1052575933.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/82/1031198219_110:0:2839:2047_1920x0_80_0_0_074f48616090c82d22c9e4623e7ce5bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, кортҳои бонкӣ, пардохт, хизматрасонӣ, ғайринақдӣ,
тоҷикистон, бонки миллӣ, кортҳои бонкӣ, пардохт, хизматрасонӣ, ғайринақдӣ,
Дар Тоҷикистон шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 50% афзоиш ёфт
Бонкҳои Тоҷикистон технологияҳои муосири пардохтиро татбиқ намуда, ба аҳолӣ роҳи осони ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон то 31 октябри соли равон аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 4 821,2 ҳазор адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,1 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 602 адад банкомат ва 2 074 адад терминали электронӣ насб намудаанд.
“Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мувофиқан 21,1 фоиз ва 13,8 фоиз зиёд мебошанд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Ҳамзамон тибқи иттилои ҳамин манбаъ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 3 933 адад POS - терминал ва 16 861 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 теъдоди онҳо мувофиқан 29,6 фоиз ва 61,2 фоиз зиёд мебошанд.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 26,3 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 6,08 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо назар ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи шумора 41,9% фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,2 маротиба зиёд мебошад.
Бонки миллӣ зикр кардааст, ки дар амал татбиқ кардани технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ яке аз равандҳои муосир дар низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, аз соли 2018 инҷониб ташкилотҳои қарзии молиявӣ ин усули пардохтҳои ғайринақдиро ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд.