https://sputnik.tj/20221129/iftitoh-osorkhona-mujassama-ismoili-somoni-1053147505.html
Ифтитоҳи осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ пас аз навсозӣ
Ифтитоҳи осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ пас аз навсозӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон пас аз навсозӣ осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, ифтитоҳ мешавад
2022-11-29T17:25+0500
2022-11-29T17:25+0500
2022-11-29T17:25+0500
дар тоҷикистон
душанбе
исмоили сомонӣ
муҷассама
осорхона
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102768/21/1027682129_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_67c2509448b1a3348871f3a2d37f0a64.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Осорхонаи Исмоили Сомонӣ дар зери муҷассамаи майдони “Дӯстӣ” пас аз навсозӣ дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз мекунад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба намояндаи ширкати “Меъмор ва сохтмон”“Пас аз анҷоми таъмири ин иншоот ҳамчун осорхона барои меҳмонон боз мегардад. Дар он тамоми нигораҳои марбут ба аввалин амири давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд”, — хабар додааст манбаъ.Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳоло дар дохили осорхона корҳои навсозии шабакаҳои обрасонӣ ва ҳавополоӣ анҷом дода шудаанд.Инчунин хабар дода шудааст, ки корҳо дар атрофи осорхона давом доранд.Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ бояд то охири моҳи марти соли 2023 ба анҷом расонида мешуданд.Маҷмааи ёдгории мусолиҳаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 дар майдони Дӯстии Душанбе ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён ифтитоҳ шуда буданд.
https://sputnik.tj/20221108/iftitoh-osorkhona-paykara-mumin-qanoat-darvoz-1052697933.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102768/21/1027682129_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_29c347e69017a38943f0204dfc78ec1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, исмоили сомонӣ, осорхона, муҷассама, ифтитоҳ, навсозӣ
тоҷикистон, исмоили сомонӣ, осорхона, муҷассама, ифтитоҳ, навсозӣ
Ифтитоҳи осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ пас аз навсозӣ
Дар пойтахти Тоҷикистон пас аз навсозӣ осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Осорхонаи Исмоили Сомонӣ дар зери муҷассамаи майдони “Дӯстӣ” пас аз навсозӣ дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз мекунад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба намояндаи ширкати “Меъмор ва сохтмон”
“Пас аз анҷоми таъмири ин иншоот ҳамчун осорхона барои меҳмонон боз мегардад. Дар он тамоми нигораҳои марбут ба аввалин амири давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд”, — хабар додааст манбаъ.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳоло дар дохили осорхона корҳои навсозии шабакаҳои обрасонӣ ва ҳавополоӣ анҷом дода шудаанд.
Инчунин хабар дода шудааст, ки корҳо дар атрофи осорхона давом доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ бояд то охири моҳи марти соли 2023 ба анҷом расонида мешуданд.
Маҷмааи ёдгории мусолиҳаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 дар майдони Дӯстии Душанбе ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён ифтитоҳ шуда буданд.