https://sputnik.tj/20221108/iftitoh-osorkhona-paykara-mumin-qanoat-darvoz-1052697933.html
Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Мӯъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Мӯъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар деҳаи деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ кард
2022-11-08T18:40+0500
2022-11-08T18:40+0500
2022-11-08T18:40+0500
дар тоҷикистон
ифтитоҳ
мӯъмин қаноат
пайкара
осорхона
дарвоз
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/08/1052697762_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_a8af755408dc44f0b5bbaa125045d8b9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси ВМКБ.Тибқи иттилои манбаъ, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 миллион сомонӣ, барои арҷгузорӣ ба шахсияти устод Мӯъмин Қаноат сохта гардидаст.Зикр гардидааст, ки пайкараи шоир дар баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст.Дар осорхона тамоми масъули дасти Мӯъмин Қаноат, асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлати ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди ӯ нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.Дар назди пайкараи шоир сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати расмиро ҳунармандони ноҳия бо композитсияи адабӣ, ки аз эҷоди эҷодиёти Мӯъмин Қаноат гулчин шудаст, пешвоз гирифтанд.Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.
https://sputnik.tj/20221028/jalasa-saron-hukumat-idm-ostona-1052480753.html
дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/08/1052697762_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_d473f0b8de9f0434eb29809619f636d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осорхона, мӯъмин қаноат, дарвоз, пайкара, сарвазир, ифтитоҳ
тоҷикистон, осорхона, мӯъмин қаноат, дарвоз, пайкара, сарвазир, ифтитоҳ
Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Мӯъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз
Сарвазири Тоҷикистон осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар деҳаи деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси ВМКБ.
Тибқи иттилои манбаъ, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 миллион сомонӣ, барои арҷгузорӣ ба шахсияти устод Мӯъмин Қаноат сохта гардидаст.
Зикр гардидааст, ки пайкараи шоир дар баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст.
Дар осорхона тамоми масъули дасти Мӯъмин Қаноат, асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлати ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди ӯ нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.
Дар назди пайкараи шоир сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати расмиро ҳунармандони ноҳия бо композитсияи адабӣ, ки аз эҷоди эҷодиёти Мӯъмин Қаноат гулчин шудаст, пешвоз гирифтанд.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.