https://sputnik.tj/20221124/peskov-jalasai-saad-nizo-tojikiston-qirghiziston-1053032159.html
Песков: Дар ҷаласаи СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
Песков: Дар ҷаласаи СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СПАД масъалаи низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
2022-11-24T12:35+0500
2022-11-24T12:35+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
низоъ
марз
мушкилот
саад
спад
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_12b3d185ce9430405f1b763f00eda8ed.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Ҳалли ин масъала мушкил аст, аммо он идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков."Вазъи Тоҷикистону Қирғизистон (дар нишасти сарони СААД) дар ин ҷаласа матраҳ шуд. Дар маҷмӯъ дар ин созмон иродаи сиёсӣ вуҷуд дорад, то аз ин низоъҳо дар марзи ду кишварро анҷом диҳанд. Президентҳо заруратро дарк мекунанд, аммо ин кор душвор аст ва он идома хоҳад ёфт", - гуфт Песков дар посух ба суоли рӯзноманигорон.Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20221124/rahmon-tahkim-hifzi-marz-tojikiston-afghoniston-1053029082.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_94928c64a99162d33bda45868c4c79e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, русия, низоъ, марз, саад, ҷаласа
тоҷикистон, қирғизистон, русия, низоъ, марз, саад, ҷаласа
Песков: Дар ҷаласаи СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
12:35 24.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СПАД масъалаи низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Ҳалли ин масъала мушкил аст, аммо он идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Вазъи Тоҷикистону Қирғизистон (дар нишасти сарони СААД) дар ин ҷаласа матраҳ шуд. Дар маҷмӯъ дар ин созмон иродаи сиёсӣ вуҷуд дорад, то аз ин низоъҳо дар марзи ду кишварро анҷом диҳанд. Президентҳо заруратро дарк мекунанд, аммо ин кор душвор аст ва он идома хоҳад ёфт", - гуфт Песков дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.