Раҳмон аз аҳамияти таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ёдовар шуд

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон участвуют в первой конференции "Центральная Азия + Россия"
Эмомали Рахмон участвуют в первой конференции Центральная Азия + Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД бори дигар аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шуд.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст президенти кишвар бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Сарвазири ин кишвар Никол Пашинян барои ташкили сатҳи баланди тадорукотии кори ҷаласа ва иҷрои корҳо дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, Президенти Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати қабули раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти пурсамари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас таъкид намуда, ба роҳбари навтаъини Созмон Имангали Тасмагамбетов барори кор орзу намуд.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании Международного дискуссионного клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Путин: Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон талош хоҳад кард
Қайд карда шудааст, ки аз рӯйи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва як қатор санадҳои дигар қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0