Барои душаҳрвандӣ: Федератсияи байналмилалии ҷудо ду варзишкори тоҷикро муҷозот кард

© из личного архива Мулораджаба ХалифаеваМулораджаб Халифаев
Мулораджаб Халифаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
Ду варзишкори тоҷик аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо барои доштани душаҳрвандӣ муҷозот шудаанд: ҳамаи холҳояшонро бекор карданд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷаҳонгир Маҷидов ва Халифаев Муллораҷаб барои қайди душаҳрвандӣ дар низоми IJF муҷозот шуданд.
Гуфта мешавад, ки тибқи ин муҷозот, тамоми холҳои ба даст овардаи ҷудокорони тоҷик низ бекор карда шуд.
Ин дар ҳолест, ки Муллораҷаб Халифаев моҳи равон аз мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку - 2022 медали нуқра оварда буд ва аз сӯи раиси Душанбе Рустами Эмомалӣ бо 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов дар зинаи 4-ум ва тибқи рейтинги Федератсияи байналмилалии ҷудо дар зинаи 34-ум қарор дорад.
Халифаев Муллораҷаб бошад, мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар зинаи 10-ум ҷой дорад.
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Муллораҷаб Халифаев барандаи нишони нуқраи "Baku Grand Slam 2022" шуд
Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон дар ҷойи 12, Ӯзбекистон 17, Қирғизистон 48 ва Туркманистон 66 - ум қарор дорад. Тоҷикистон дар раддабандии тимҳои ҷаҳонӣ (13253 имтиёз) дар ҷои 41-ум қарор дорад.
Феълан Федератсияи ҷудои Тоҷикистон расман муҷозот шудани варзишгарони тоҷикро шарҳ надодааст.
Лентаи хабарҳо
0