Муллораҷаб Халифаев барандаи нишони нуқраи "Baku Grand Slam 2022" шуд

© Федерация дзюдо РТДзюдоист Комроншохи Устопириён
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Обуна шудан
Медали нуқраро барои ҳайати олимпии Тоҷикистон Муллораҷаб Халифаев овард. Ӯ тавонист чор рақиби худрошикаст диҳад, вале аз ҷудокори молдовӣ мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҷудокори тоҷик Муллораҷаб Халифаев тавонист, ки дар рӯзи якуми мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" зери вазни то 66 килограмм барои Тоҷикистон нишони нуқра ба даст биёрад.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар даври аввал Муллораҷаб бо Робин Ҷараи мексикоӣ сабқат кард ва рақобати онҳо то ба вақти тиллоӣ тӯл кашид. Дар вақти тиллоӣ Ҷара се огоҳӣ гирифту пирӯзӣ насиби Муллораҷаб гардид.
Дар даврҳои баъдӣ, варзишгари тоҷик бар ҷудокорони ӯзбек, Серия ва Муғулистон дастболо шуд.
Дар даври ниҳоӣ Муллораҷаб бо намояндаи Молдова қувваозмоӣ кард. Тақдири рақобати онҳоро шидо ҳал кард. Ҷудокори тоҷик дар раванди рақобат 3 шидо гирифт ва соҳиби нишони нуқра шуд.
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Темур Раҳимов сабаби нокомии ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-ро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2022", ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, 10 варзишгари тоҷик иштирок намуданд.
Вале аз миёни 10 намояндаи Тоҷикистон танҳо Темур Раҳимов бо нишони биринҷӣ баргашт.
Лентаи хабарҳо
0