https://sputnik.tj/20221124/bozdosht-javondukhtar-dushanbe-duzdi-1053043742.html
Боздошти ҷавондухтари 17-сола, дар Душанбе бо гумони дуздии маблағи калон
Боздошти ҷавондухтари 17-сола, дар Душанбе бо гумони дуздии маблағи калон
Sputnik Тоҷикистон
Пулиси пойтахт аз боздошти ҷавондухтаре хабар дод, ки аз хонаи зани 61 солаи сокини Душанбе наздик ба шаш ҳазор доллар дузди кардааст
2022-11-24T16:45+0500
2022-11-24T16:45+0500
2022-11-24T16:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
ҷавондухтар
дуздӣ
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378639_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_10f6c9bdd843c7b023bb729ea683e1dc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар дуздии маблағи калон гумонбар дониста мешавад хабар дод.Тибқи иттилио манбаъ, ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт бо ариза зани 61-солаи сокини шаҳр муроҷиат кардааст.Ин зани 61-сола, даъво кардааст, ки ки моҳи ноябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда аз онҷо 5 ҳазору 800 доллари амрикоиро дуздида ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти милисаи шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияташ гуфта буд, ки дар пойтахт мизони ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш ёфтаастДар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон дар пойтахт 94-ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42-адад ва ё 30,8% кам мебошад.Мақомоти милитсия гуфта буд, ки ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20221008/dushanbe-jinotkori-kohish-barotzoda-sabab-1051979974.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378639_62:0:1841:1334_1920x0_80_0_0_c76ca928f3954faec49249260c734620.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, ҷиноят, дуздӣ, маблағи калон, ҷавондухтар, боздошт
тоҷикистон, душанбе, ҷиноят, дуздӣ, маблағи калон, ҷавондухтар, боздошт
Боздошти ҷавондухтари 17-сола, дар Душанбе бо гумони дуздии маблағи калон
Пулиси пойтахт аз боздошти ҷавондухтаре хабар дод, ки аз хонаи зани 61 солаи сокини Душанбе наздик ба шаш ҳазор доллар дузди кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар дуздии маблағи калон гумонбар дониста мешавад хабар дод.
Тибқи иттилио манбаъ, ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт бо ариза зани 61-солаи сокини шаҳр муроҷиат кардааст.
Ин зани 61-сола, даъво кардааст, ки ки моҳи ноябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда аз онҷо 5 ҳазору 800 доллари амрикоиро дуздида ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти милисаи шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияташ гуфта буд, ки дар пойтахт мизони ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш ёфтааст
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон дар пойтахт 94-ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42-адад ва ё 30,8% кам мебошад.
Мақомоти милитсия гуфта буд, ки ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст.