Дар Душанбе сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт: генерал Баротзода гуфт, сабабаш чист

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСотрудники милиции
Сотрудники милиции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Обуна шудан
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияташ мегӯяд, ки дар дар пойтахт мизони ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон дар пойтахт 94-ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42-адад ва ё 30,8% кам мебошад.
Дар ин бора раҳбари Раёсати умури дохилии Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ Партов зимни гузориш аз натиҷагирии фаъолияташ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар ин муддат дар ҳудуди пойтахт содиршавии ҷиноятҳои гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард аз ҷониби ин қишр умуман ба қайд гирифта нашудааст.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар одамкушӣ муттаҳам мешавад
Баротзода инро натиҷаи хуби баргузории амалиёти шартии "Корд" медонад.
Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба таъкиди ин ниҳод ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст.
Пулиси пойтахт натиҷаи ин ҳамаро ба пешбурди як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳои санҷишӣ ва мулоқоту вохуриҳои судманд унвон кардааст.
Лентаи хабарҳо
0