https://sputnik.tj/20221123/puli-buja-tojikison-sarf-1053006689.html
Миллиардҳои буҷаи Тоҷикистон дар куҷо сарф шуданд? Тафсилот
Миллиардҳои буҷаи Тоҷикистон дар куҷо сарф шуданд? Тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Аз миллиардҳо сомонӣ даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон қисмати аъзами он дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ сарф шудаст
2022-11-23T12:15+0500
2022-11-23T12:15+0500
2022-11-23T12:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
миллиард
сомонӣ
пул
буҷа
маош
дахлу харҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7f4708f71a8fa010360fd3f963569e6f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 23,2 млрд сомонӣ сарф карда шуд. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар маҷмуъ даромади буҷаи давлат дар нуҳмоҳа 24,3 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,7 млрд сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд сомонӣ ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона шуд. Тавзеҳ дода шуд, ки ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 млрд сомонӣ ва маориф - 4,4 млрд сомонӣ рост меояд. Бахши тандурустии Тоҷикистон дар нуҳмоҳа 1,8 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 2,9 млрд, хоҷагии манзилию коммуналӣ - 1,3 миллиард, фарҳанг ва варзиш - 750 млн сомонӣ гирифтаанд. Барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 4,3 млрд, кишоварзӣ - 679 млн, сохтмон ва саноат - 187,7 млн равона шудааст. Бахши нақлиёт ва коммуникатсия дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон 1,6 млрд сомонӣ гирифтааст. Пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ аз бахшҳои аслии хароҷоти буҷаи давлатӣ арзёбӣ шудааст, ки бо ин ҳадаф 5,1 млрд сомонӣ ё 22%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ равона гардидаст.
https://sputnik.tj/20221123/tojikiston-pul-pardokht-qarz-1053003390.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_cae889ad6e04ac22549f9e495f38a23e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пул, буҷа, тоҷикистон, куҷо, маблағ
пул, буҷа, тоҷикистон, куҷо, маблағ
Миллиардҳои буҷаи Тоҷикистон дар куҷо сарф шуданд? Тафсилот
12:15 23.11.2022 (Навсозишуда: 12:26 23.11.2022) Аз миллиардҳо сомонӣ даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон қисмати аъзами он дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ сарф шудаст
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 23,2 млрд сомонӣ сарф карда шуд.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар маҷмуъ даромади буҷаи давлат дар нуҳмоҳа 24,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,7 млрд сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд сомонӣ ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 млрд сомонӣ ва маориф - 4,4 млрд сомонӣ рост меояд.
Бахши тандурустии Тоҷикистон дар нуҳмоҳа 1,8 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 2,9 млрд, хоҷагии манзилию коммуналӣ - 1,3 миллиард, фарҳанг ва варзиш - 750 млн сомонӣ гирифтаанд.
Барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 4,3 млрд, кишоварзӣ - 679 млн, сохтмон ва саноат - 187,7 млн равона шудааст.
Бахши нақлиёт ва коммуникатсия дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон 1,6 млрд сомонӣ гирифтааст.
Пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ аз бахшҳои аслии хароҷоти буҷаи давлатӣ арзёбӣ шудааст, ки бо ин ҳадаф 5,1 млрд сомонӣ ё 22%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ равона гардидаст.