https://sputnik.tj/20221123/tojikiston-pul-pardokht-qarz-1053003390.html
Тоҷикистон чанд пулро барои пардохти қарзҳои хориҷияш сарф кард?
Тоҷикистон чанд пулро барои пардохти қарзҳои хориҷияш сарф кард?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз буҷаи давлатии соли равон беш аз 63 млн доллар барои пардохти фоизи қарзҳои хориҷӣ сарф кард шудааст
2022-11-23T09:48+0500
2022-11-23T09:48+0500
2022-11-23T10:20+0500
дар тоҷикистон
қарздиҳӣ
хориҷӣ
файзиддин қаҳҳорзода
вазир
молия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон аз буҷаи давлат 198 млн доллари амрикоӣ равона гардид. Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, ахиран зимни гузориш дар Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 134,6 млн ва фоизҳои он 63,4 миллион доллар пардохт гардид. Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Дар маҷмуъ қарзи Тоҷикистон ҳудуди 3,7 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Дар ҳамин ҳол ахиран парлумони Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳукумати кишвар барои гирифтани қарзи давлатии дигар ҷонибдорӣ намуд. Аз ҷумла вакилон барои гирифтани 1 млрд сомонӣ қарзи давлатӣ бо суди 2%-и солона розигӣ доданд. Масъулини бахши молияи кишвар мегӯянд, ҷалби маблағҳои қарзӣ барои маблағгузорӣ гардидани чорабиниҳои аввалиндараҷаи буҷети давлатӣ равона карда мешавад. Таъкид гардидааст, ки ин ҳаҷми қарздорӣ мутобиқ ба стратегияҳои қабулнамудаи ҳукумати Тоҷикистон мувофиқат мекунанд. Мақомот таъкид мекунанд, бештар қарзҳое ҷалб мешаванд, ки қисмате аз онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд. Дар феҳрасти қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ҳамоно Чин боқӣ мемонад. Ҳамчунин Душанбе аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ низ қарздор аст.
https://sputnik.tj/20221016/parlumon-rozi-hukumat-milliard-qarz-1052161245.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, пул, қарз, хориҷӣ, сарф
душанбе, пул, қарз, хориҷӣ, сарф
Тоҷикистон чанд пулро барои пардохти қарзҳои хориҷияш сарф кард?
09:48 23.11.2022 (Навсозишуда: 10:20 23.11.2022) Аз буҷети давлатии Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли равон зиёда аз 63 млн доллар барои пардохти фоизи қарзҳои хориҷӣ сарф карда шудааст
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон аз буҷаи давлат 198 млн доллари амрикоӣ равона гардид.
Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, ахиран зимни гузориш дар Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 134,6 млн ва фоизҳои он 63,4 миллион доллар пардохт гардид.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Дар маҷмуъ қарзи Тоҷикистон ҳудуди 3,7 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол ахиран парлумони Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳукумати кишвар барои гирифтани қарзи давлатии дигар ҷонибдорӣ намуд. Аз ҷумла вакилон барои гирифтани 1 млрд сомонӣ қарзи давлатӣ бо суди 2%-и солона розигӣ доданд.
Масъулини бахши молияи кишвар мегӯянд, ҷалби маблағҳои қарзӣ барои маблағгузорӣ гардидани чорабиниҳои аввалиндараҷаи буҷети давлатӣ равона карда мешавад. Таъкид гардидааст, ки ин ҳаҷми қарздорӣ мутобиқ ба стратегияҳои қабулнамудаи ҳукумати Тоҷикистон мувофиқат мекунанд.
Мақомот таъкид мекунанд, бештар қарзҳое ҷалб мешаванд, ки қисмате аз онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд. Дар феҳрасти қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ҳамоно Чин боқӣ мемонад. Ҳамчунин Душанбе аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ низ қарздор аст.