https://sputnik.tj/20221104/darsho-makotibi-badakhshon-durbinho-nazorati-1052629828.html
Дарсҳо дар макотиби Бадахшон зери дурбинҳои назоратӣ баргузор мешаванд
Дарсҳо дар макотиби Бадахшон зери дурбинҳои назоратӣ баргузор мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомомот барои пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ миёни хонандагон дар муассисаҳои таҳсилотии ВМКБ камераҳои мушоҳидавӣ насб хоҳад кард
2022-11-04T16:35+0500
2022-11-04T16:35+0500
2022-11-04T16:35+0500
дар тоҷикистон
вмкб
таҳсилот
алишер мирзонабот
дурбинҳои назоратӣ
мактаб
насб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052629674_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_b372c5bb740fb88198246492a2f697d5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф вобаста ба пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, пешниҳоди руйхати хонандагони душвортарбия, аз оилаҳои носолим дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.Ҳамзамон раиси вилояти ВМКБ ба сардори раёсати маорифи вилоят барои насби камераҳои мушоҳидавиро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ супориш додааст.Ҳамзамон сардори раёсати маориф барои ба мизони муайян ворид намудани таълиму тарбия дар ҳамаи мактабҳои вилоят ва ба талаботи соҳаи маориф мутобиқ намудани ҳайати директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ супоришҳои ҷиддӣ гирифтааст.Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки дар нӯҳ моҳ танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба рейди шабонарӯзӣ барои пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс дар ҳамкорӣ бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД ба роҳ монда шудааст.Дар натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузоришҳои хатӣ манзур гардид.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
https://sputnik.tj/20221104/dodsiton-vmkb-parviz-orifzoda-suiqasd-ba-jon-1052626227.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052629674_12:0:1832:1365_1920x0_80_0_0_f543123f0906f12754927ed11e5fec7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вмкб, мактаб, дарс, зери назорат, дурбин, таҳсилот, алишер мирзонабот
тоҷикистон, вмкб, мактаб, дарс, зери назорат, дурбин, таҳсилот, алишер мирзонабот
Дарсҳо дар макотиби Бадахшон зери дурбинҳои назоратӣ баргузор мешаванд
Мақомомот барои пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ миёни хонандагон дар муассисаҳои таҳсилотии ВМКБ камераҳои мушоҳидавӣ насб хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф вобаста ба пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, пешниҳоди руйхати хонандагони душвортарбия, аз оилаҳои носолим дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.
Ҳамзамон раиси вилояти ВМКБ ба сардори раёсати маорифи вилоят барои насби камераҳои мушоҳидавиро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ супориш додааст.
"Камераҳои мушоҳидавиро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таъмин намуда, дар баробари таҳти назорат қарор додани раванди таълим, ҳамчунин ба тарбияи хонандагон низ таваҷҷуҳи махсусро равона намоянд", - омадааст дар хабарномаи хадаомти матбуотии раиси ВМКБ.
Ҳамзамон сардори раёсати маориф барои ба мизони муайян ворид намудани таълиму тарбия дар ҳамаи мактабҳои вилоят ва ба талаботи соҳаи маориф мутобиқ намудани ҳайати директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ супоришҳои ҷиддӣ гирифтааст.
Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки дар нӯҳ моҳ танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба рейди шабонарӯзӣ барои пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс дар ҳамкорӣ бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузоришҳои хатӣ манзур гардид.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.