https://sputnik.tj/20221122/emomali-rahmon-erevan-meravad-1052998994.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван меравад
Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари давлат дар баррасии тадбирҳои ироаи кумак ба Арманистон ва кори низоми вокуниш ба бӯҳрони СПАД ширкат хоҳад кард
2022-11-22T19:17+0500
2022-11-22T19:17+0500
2022-11-22T19:17+0500
дар тоҷикистон
ереван
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051105796_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_9371fc37e3249f36e08013de730bf380.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД суханронӣ мекунад. Сарвари давлатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷдиддин Муҳриддин, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, ёвари раисиҷумҳур оид ба корҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, котиби Шӯрои амният Маҳмудзода Насрулло ва сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамроҳӣ мекунанд. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия 23 ноябр дар Ереван баргузор мешавад. Дар он намояндагони Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон низ ширкат хоҳанд кард. Ҳузури ҳозирон масъалаҳои таҳкими меъмории амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.Муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа такмили низоми вокуниш ба бӯҳрони созмон ва тадбирҳои муштарак барои расонидани кумак ба Арманистон мебошанд. Ҳамчунин дар мавриди таъмини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД бо аслиҳа ва техника ва баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ як қатор санадҳо ба имзо хоҳанд расид. Қаблан сарони кишварҳои ин созмон таҳияи низоми вокуниш ба бӯҳронро баррасӣ карда буданд. Дар иҷлосияи ғайринавбатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба таври ҷудогона азми кишварро барои иҷрои ӯҳдадориҳои иттифоқӣ дар чаҳорчӯби СПАД таъкид кард.
https://sputnik.tj/20221027/spad-jalasa-ghayrinavbati-1052467102.html
ереван
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051105796_100:0:1520:1065_1920x0_80_0_0_da670e5cbbc908c1ec685421689c9952.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ереван эмомалӣ раҳмон сафар
ереван эмомалӣ раҳмон сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван меравад
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари давлат дар баррасии тадбирҳои ироаи кумак ба Арманистон ва кори низоми вокуниш ба бӯҳрони СПАД ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД суханронӣ мекунад.
Сарвари давлатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷдиддин Муҳриддин, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, ёвари раисиҷумҳур оид ба корҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, котиби Шӯрои амният Маҳмудзода Насрулло ва сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамроҳӣ мекунанд.
Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия 23 ноябр дар Ереван баргузор мешавад. Дар он намояндагони Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон низ ширкат хоҳанд кард.
Ҳузури ҳозирон масъалаҳои таҳкими меъмории амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа такмили низоми вокуниш ба бӯҳрони созмон ва тадбирҳои муштарак барои расонидани кумак ба Арманистон мебошанд. Ҳамчунин дар мавриди таъмини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД бо аслиҳа ва техника ва баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ як қатор санадҳо ба имзо хоҳанд расид.
Қаблан сарони кишварҳои ин созмон таҳияи низоми вокуниш ба бӯҳронро баррасӣ карда буданд. Дар иҷлосияи ғайринавбатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба таври ҷудогона азми кишварро барои иҷрои ӯҳдадориҳои иттифоқӣ дар чаҳорчӯби СПАД таъкид кард.