Сарони кишварҳои СПАД ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунанд: Раҳмон ширкат мекунад?

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкФлаги государств, входящих в Организацию Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)
Флаги государств, входящих в Организацию Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Обуна шудан
Нишасти СПАД бо ибтикори ҷониби Арманистон баргузор мешавад. Маълум аст, ки ҷаласаи ғайринавбатӣ дар шакли видеоӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 27 октя — Sputnik. Сарони кишварҳои СПАД рӯзи 28 октябр ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони СПАД ширкат мекунад.
Дар ин бора, як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Қарор аст, дар ин нишаст, натоиҷи кори намояндагӣ дар Арманистон ва ҳамчунин тадбирҳои муштараки кумак ба Ереван баррасӣ шавад.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президенти Русия, Владимир Путин низ дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.
Шералӣ Мирзо таҳдидҳои аслии ношӣ аз Афғонистон гуфт
Ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0