Толибҳо қумандони тоҷикашонро халъи силоҳ кардаанд

© Social mediaАбдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Обуна шудан
Яке аз қумандонҳои тоҷиктабори зодаи Панҷшер дар Афғонистон, ки аз сӯи толибҳо дар аввал масъули амният дар ин музофот таъйин шуда буд, халъи силоҳ шудааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Толибҳо Абдулҳамиди Хуросонӣ, яке аз қумондонҳои тоҷиктаборашон дар вилояти Панҷшерро халъи силоҳ карданд, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба рӯзноманигор Башир Аҳмад Косонӣ.
Ба иттилои манбаъ, тамоми аслиҳаву амволи Хуросонӣ, ки дар маҳаллаи Хайрхонаи Кобул буд, мусодира шудааст.
Тахмин меравад, ки ин як вокуниш ба шикоятҳои Хуросонӣ ба расонаҳои мухолиф дар бораи раҳбарони толибҳо мебошад.
Вай ахиран дар "Twitter" навишт, ки аз хидмат дар сафи ин гуруҳ худдорӣ мекунад, зеро дар он ҷо паштунҳои ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ ҳукмронӣ мекунанд, бахусус вазири дифоъ, Муҳаммад Яъқубро зикр намудаст, ки аз рӯи меъёрҳои қавмӣ афроде мисли Хуросониро таҳқир мекунад.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Волии нави Панҷшер таъйин шуд
Маврид ба зикр аст, ки фармондеҳи пешини амниятии вилояти Панҷшер моҳи октябри соли равон низ изҳор дошта буд, ки фармондеҳи сипоҳи марказии толибҳо аз ӯ хост таҷҳизоту афродашро таслим кунад.
Хуросонӣ гуфта буд, ки аз ӯ хоста шудаст, дар пайи таслими афроду силоҳ худаш дар бахши сипоҳи марказӣ аскарӣ кунад
Дар зимн таъкид намуд, ки ӯ аз ихтори ҳеч кас наметарсад ва аз фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам наметарсад ва монанди Амруллоҳи Солеҳ, ғуломбача намебошад ва касе ба ӯ ихтор дода наметавонад.
Ӯ ишора ба раҳбарони гурӯҳи толибон мегуяд, ки бояд раҳбарони Аморати Исломӣ инро дунбол кунанд ва ин ҳукуматро бояд қавмӣ накунанд.
Лентаи хабарҳо
0