https://sputnik.tj/20220921/volii-navi-panjsher-tayin-shud-1051585309.html
Волии нави Панҷшер таъйин шуд
Волии нави Панҷшер таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати муваққати толибон ахиран исми волии нави Панҷшерро эълон кард. Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ ба унвониволии Панҷшер гумошта шудааст
2022-09-21T20:45+0500
2022-09-21T20:45+0500
2022-09-22T13:04+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
панҷшер
роҳбар
таъйин
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042077446_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_ab3df36a27d2b02915d432e3a03ec919.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи толибон, Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ ба унвони волии Панҷшер таъйин шудааст, иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон.Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ пеш аз ин ба унвони муовини таъминоти вазорати умури дохила кор карда аст.Волии феълии Панҷшер мулло Муҳаммад Шуайбохунд ба ҳайси волии Лугар гумошта шудааст.Ёдовар мешавем, ки толибон пас аз ба сари қудрат расидан дар Афғонистон дар ними августи соли 2021, назорати саросари кишварро дар даст гирифт. Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон, охирин вилояте буд, ки ба кантроли Толибон даромад.Мухолифони Толибон дар вилояти Панҷшер мавсӯм ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ба тозагӣ, бо шиддати бештаре нерӯҳои ин гурӯҳро ба дастгирии ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз иди Фитр ва ташдиди набардҳо алайҳи Толибон дар вилоёти Тахор, Бағалону Панҷшер, нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври густардае боздошт, озору куштори ғайринизомиёнро дар дастури кори худ қарор додаанд.Дар вақтҳои охир дар Панҷшер, Андроб Бағлон ва бархе дигар вилоятҳо шиканҷа ва куштори мардуми осоишта аз ҷониби ҷангҷӯёни толибон афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220912/shuroi-muqovimat-afghoniston-kumak-tolibon-himoyat-terrorizm-1051345279.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042077446_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_02634bbd7208f85ef161591b2f48fc42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, панҷшер, волии нав, таъйин, толибон, ҳибатуллоҳ охундзода, роҳбар
афғонистон, панҷшер, волии нав, таъйин, толибон, ҳибатуллоҳ охундзода, роҳбар
Волии нави Панҷшер таъйин шуд
20:45 21.09.2022 (Навсозишуда: 13:04 22.09.2022) Ҳукумати муваққати толибон ахиран исми волии нави Панҷшерро эълон кард. Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ ба унвони волии Панҷшер гумошта шудааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи толибон, Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ ба унвони волии Панҷшер таъйин шудааст, иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон.
Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ пеш аз ин ба унвони муовини таъминоти вазорати умури дохила кор карда аст.
Волии феълии Панҷшер мулло Муҳаммад Шуайбохунд ба ҳайси волии Лугар гумошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки толибон пас аз ба сари қудрат расидан дар Афғонистон дар ними августи соли 2021, назорати саросари кишварро дар даст гирифт. Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон, охирин вилояте буд, ки ба кантроли Толибон даромад.
Мухолифони Толибон дар вилояти Панҷшер мавсӯм ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ба тозагӣ, бо шиддати бештаре нерӯҳои ин гурӯҳро ба дастгирии ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз иди Фитр ва ташдиди набардҳо алайҳи Толибон дар вилоёти Тахор, Бағалону Панҷшер, нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври густардае боздошт, озору куштори ғайринизомиёнро дар дастури кори худ қарор додаанд.
Дар вақтҳои охир дар Панҷшер, Андроб Бағлон ва бархе дигар вилоятҳо шиканҷа ва куштори мардуми осоишта аз ҷониби ҷангҷӯёни толибон афзоиш ёфтааст.