https://sputnik.tj/20221121/bonki-markazi-rusiya-sheva-qalloboni-telefon-hushdor-1052971108.html
Бонки марказии Русия аз шеваи нави кори қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
Бонки марказии Русия аз шеваи нави кори қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки ҳеч гоҳ рақами корти худро махсусан калидвожаи вожаи серақамаи пушти корти бонкиро пешниҳод накунанд
2022-11-21T18:10+0500
2022-11-21T18:10+0500
2022-11-21T18:10+0500
дар русия
молия
фиреб
қаллобӣ
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038804809_0:56:1920:1136_1920x0_80_0_0_6c9a26aaa7d4fb05d2aefae124d729d9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Қаллобон аз номи кормандони пулис ба шаҳрвандон занг зада, қасди ба даст овардани маълумоти корти бонкияшонро доранд, ҳушдор дод Бонки марказии Русия. Ба иттилои ин ниҳод, афроди қаллоб аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош мекунанд, аз қурбониёни эҳтимолӣ тафсилоти корти пардохтияшонро гиранд, то пулашонро бидузданд. "Аввалан, пулиси қалбакӣ ифшои оммавии маълумоти бонкӣ рух додаст ва ӯ бояд ин қазияро пайгирӣ намояду муайян созад, ки оё қурбонии эҳтимолӣ низ дар ин феҳраст ҳаст ё на ва баъдан маълумотро талаб мекунад", - иттилоъ дод Бонки марказӣ. Ин ниҳод таъкид намудаст, ки на кормандони бонк ва на кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ гоҳ маълумоти корти бонкиро, аз қабили рақами он, рамзи серақамии пушти он ё калидвожаро аз паёмак талаб намекунанд. Танҳо қаллобон метавонанд, чунин маълумот дархост кунанд, афзуд Бонки марказӣ. Ин дар ҳолест, ки ахиран як пажуҳиши "Сбербанк" маълум кард, ки тоҷикистониён дар феҳрасти афроде қарор гирифтаанд, ки бештар ҳадафи қаллобон аз марказҳои тамос қарор гирифтаанд.Таъкид гардидааст, ки зиёда аз 65%-и теъдоди умумии муштариёни "Сбербанк" мавриди сӯиқасди қаллобон қарор гирифтаанд."Дар як рӯз тақрибан 5 млн бор занг зада мешавад, аз ҷумла бо кумаки роботҳои виртуалӣ, ки қаллобон дар фаъолияти худ истифода мебаранд", - қайд карданд пажуҳишгарон.Дар феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон нисбатан зиёд ҳадафи қаллобон қарор мегиранд, ҳамчунин Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларус зикр шуданд.Дар зимн иттилоъ дода шудааст, ки то 90%-и тамоми чунин марказҳои тамос, ки бар зидди шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигари ИДМ кор мекунанд, дар Украина ҷой гирифтаанд. Боқимондаҳо дар худи Русия ва ИДМ ҷойгиранд, таъкид карданд муаллифон.
https://sputnik.tj/20221111/sberbank-fireb-tojikistoniyon-qalloboni-telefoni-1052752412.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038804809_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_d156e590c2bc85650eeabb5f75ded4cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, бонки марказӣ, қаллобӣ, ҷадид
ҳушдор, бонки марказӣ, қаллобӣ, ҷадид
Бонки марказии Русия аз шеваи нави кори қаллобони телефонӣ ҳушдор дод
Аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки ҳеч гоҳ рақами корти худро махсусан калидвожаи вожаи серақамаи пушти корти бонкиро пешниҳод накунанд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Қаллобон аз номи кормандони пулис ба шаҳрвандон занг зада, қасди ба даст овардани маълумоти корти бонкияшонро доранд, ҳушдор дод Бонки марказии Русия.
Ба иттилои ин ниҳод, афроди қаллоб аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош мекунанд, аз қурбониёни эҳтимолӣ тафсилоти корти пардохтияшонро гиранд, то пулашонро бидузданд.
"Аввалан, пулиси қалбакӣ ифшои оммавии маълумоти бонкӣ рух додаст ва ӯ бояд ин қазияро пайгирӣ намояду муайян созад, ки оё қурбонии эҳтимолӣ низ дар ин феҳраст ҳаст ё на ва баъдан маълумотро талаб мекунад", - иттилоъ дод Бонки марказӣ.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки на кормандони бонк ва на кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ гоҳ маълумоти корти бонкиро, аз қабили рақами он, рамзи серақамии пушти он ё калидвожаро аз паёмак талаб намекунанд. Танҳо қаллобон метавонанд, чунин маълумот дархост кунанд, афзуд Бонки марказӣ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран як пажуҳиши "Сбербанк" маълум кард, ки тоҷикистониён дар феҳрасти афроде қарор гирифтаанд, ки бештар ҳадафи қаллобон аз марказҳои тамос қарор гирифтаанд.
Таъкид гардидааст, ки зиёда аз 65%-и теъдоди умумии муштариёни "Сбербанк" мавриди сӯиқасди қаллобон қарор гирифтаанд.
"Дар як рӯз тақрибан 5 млн бор занг зада мешавад, аз ҷумла бо кумаки роботҳои виртуалӣ, ки қаллобон дар фаъолияти худ истифода мебаранд", - қайд карданд пажуҳишгарон.
Дар феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон нисбатан зиёд ҳадафи қаллобон қарор мегиранд, ҳамчунин Қазоқистон, Тоҷикистон ва Беларус зикр шуданд.
Дар зимн иттилоъ дода шудааст, ки то 90%-и тамоми чунин марказҳои тамос, ки бар зидди шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигари ИДМ кор мекунанд, дар Украина ҷой гирифтаанд. Боқимондаҳо дар худи Русия ва ИДМ ҷойгиранд, таъкид карданд муаллифон.