https://sputnik.tj/20221118/volodin-tarkish-mushak-ukrain-lahiston-oghoz-nato-1052926028.html
Володин: таркиши мушаки украинӣ дар Лаҳистон оғози анҷоми НАТО мебошад
Володин: таркиши мушаки украинӣ дар Лаҳистон оғози анҷоми НАТО мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия се ҳолатеро ном бурд, ки ба дасти Украина бармало рӯй ба суқут овардани Эътилофи Атлантики Шимолиро нишон медиҳанд
2022-11-18T18:20+0500
2022-11-18T18:20+0500
2022-11-18T18:20+0500
дар русия
мушак
нато
вячеслав володин
мушакборон
лаҳистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039723435_0:0:3015:1697_1920x0_80_0_0_c829e14f041dfbdcc27e4e32a841fe31.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мушаки украинӣ, ки ба қаламрави Лаҳистон афтод, бори дигар ба ҷаҳониён шикасти Паймони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО-ро нишон дод. Киев дар рӯ ба суқут овардани НАТО саҳми калон гузашт, гуфт раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин. "Ин ибтидои анҷом"-и иттифоқ аст, таъкид намуд ӯ дар саҳифааш дар "Telegram".Низоми Киев се бор нокомии НАТО-ро ба ҷаҳониён собит кард, ки якеаш сарнагун кардани як ҳавопаймои ҷангии Руминия дар болои баҳри Сиёҳ мебошад. Сиёсатмадор афзуд, ки дар чунин ҳолат ҳатто даҳшатовар аст, тасаввур кардан, ки агар Владимир Зеленский дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ медошт. Володин ҳолати сеюмро ҳамлаи мушаки украинӣ ба Лаҳистон номид, ки "як танкро ошкор карда натавонист, ки зоҳиран ҳама ба Украина фиристода шудаанд ва ба ҷои он як трактори тасодуфиро аз байн бурд". Раиси Думаи давлатии Русия афзуд, ки рӯшан аст, ин ҳолатҳо оғози анҷоми НАТО мебошанд. "Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки режими Киев, ки аз силоҳи НАТО ғизо гирифтааст, қабркани он шудааст", - таъкид кард вай.Ба навиштаи расонаҳои Лаҳистон, рӯзи 15 ноябр ду мушак дар навоҳии наздимарзии ин кишвар афтиданд, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар аввал иддао мешуд, ки ин мушакҳои Русияанд, аммо баъдан маълум гардид, ки мушакҳои низоми мудофиаи ҳавоии украинӣ мебошанд, ки ба қаламрави Лаҳистон афтидаанд.
https://sputnik.tj/20221118/medvedev-ima-zud-dustonash-kiev-1052911482.html
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039723435_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_fe28a185dcc7eedd274a49f1d24e474a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, мушак, лаҳистон, нишона
таркиш, мушак, лаҳистон, нишона
Володин: таркиши мушаки украинӣ дар Лаҳистон оғози анҷоми НАТО мебошад
Раиси Думаи давлатии Русия се ҳолатеро ном бурд, ки ба дасти Украина бармало рӯй ба суқут овардани Эътилофи Атлантики Шимолиро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мушаки украинӣ, ки ба қаламрави Лаҳистон афтод, бори дигар ба ҷаҳониён шикасти Паймони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО-ро нишон дод.
Киев дар рӯ ба суқут овардани НАТО саҳми калон гузашт, гуфт раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин. "Ин ибтидои анҷом"-и иттифоқ аст, таъкид намуд ӯ дар саҳифааш дар "Telegram".
Низоми Киев се бор нокомии НАТО-ро ба ҷаҳониён собит кард, ки якеаш сарнагун кардани як ҳавопаймои ҷангии Руминия дар болои баҳри Сиёҳ мебошад.
"Дувумӣ, вақте ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини кӯҳнаи замони шӯравӣ озодона бо бомба аз қаламрави Руминия, Маҷористон, Хорватия - се кишвари НАТО убур карду дар Загреб таркид", - гуфт Володин
Сиёсатмадор афзуд, ки дар чунин ҳолат ҳатто даҳшатовар аст, тасаввур кардан, ки агар Владимир Зеленский дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ медошт.
Володин ҳолати сеюмро ҳамлаи мушаки украинӣ ба Лаҳистон номид, ки "як танкро ошкор карда натавонист, ки зоҳиран ҳама ба Украина фиристода шудаанд ва ба ҷои он як трактори тасодуфиро аз байн бурд".
Раиси Думаи давлатии Русия афзуд, ки рӯшан аст, ин ҳолатҳо оғози анҷоми НАТО мебошанд.
"Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки режими Киев, ки аз силоҳи НАТО ғизо гирифтааст, қабркани он шудааст", - таъкид кард вай.
Ба навиштаи расонаҳои Лаҳистон, рӯзи 15 ноябр ду мушак дар навоҳии наздимарзии ин кишвар афтиданд, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар аввал иддао мешуд, ки ин мушакҳои Русияанд, аммо баъдан маълум гардид, ки мушакҳои низоми мудофиаи ҳавоии украинӣ мебошанд, ки ба қаламрави Лаҳистон афтидаанд.