https://sputnik.tj/20221118/medvedev-ima-zud-dustonash-kiev-1052911482.html
Медведев: ИМА дер ё зуд Киевро раҳо мекунад
Медведев: ИМА дер ё зуд Киевро раҳо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Киев эҳсоси воқеиятро комилан гум карда, беш аз пеш аз ҷаҳониён роҳандозии таҳримоти зиёдтар ба муқобили Русияро талаб доранд
2022-11-18T13:00+0500
2022-11-18T13:00+0500
2022-11-18T13:00+0500
дар русия
украина
дмитрий медведев
сиёсат
има
ҷонибдорӣ
киев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045288362_0:0:2199:1237_1920x0_80_0_0_bec549fe2904571f15b3c4110c3ea54f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Амрико ҳамеша дӯстони худро тарк кардааст ва ин кор бо Украина дер ё зуд рӯй хоҳад дод, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар "Telegram". Ба гуфтаи ӯ, Киев пайванд ба воқеиятро аз даст дода, тақозо дорад, ки алайҳи Русия таҳримҳои бештари нав ҷорӣ карда шавад. Ба ақидаи ӯ, маҳз ин воқеият гиряҳои ашковари масхарабозон дар Киевро ба вуҷуд овардааст. "Онҳо ашк рехта девонавор таҳримҳои бештари нав алайҳи Русияро талаб мекунанд. Ва пули бештари ғарбӣ барои ҷанг мехоҳанд. Танҳо ин метавонад хумори маводи мухаддири онҳоро дароз кунад", - афзуд Медведев.Ин дар ҳолест, ки қаблан Маскав аз бесамарии таҳримоту таъминоти аслиҳаю пули низоми Киев гуфта, таъкид намуд, ки ин танҳо амалиёти вижаро тӯл медиҳад, аммо барои бароварда кардани аҳдофи он халал ворид нахоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20221114/volodin-zelenskiy-ukraini-oyanda-1052813983.html
украина
има
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045288362_31:0:2022:1493_1920x0_80_0_0_66663824cd147ad01202db23411e1de8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, медведев, украина, има, раҳо
ҳушдор, медведев, украина, има, раҳо
Медведев: ИМА дер ё зуд Киевро раҳо мекунад
Мақомоти Киев эҳсоси воқеиятро комилан гум карда, беш аз пеш аз ҷаҳониён роҳандозии таҳримоти зиёдтар ба муқобили Русияро талаб доранд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Амрико ҳамеша дӯстони худро тарк кардааст ва ин кор бо Украина дер ё зуд рӯй хоҳад дод, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар "Telegram".
Ба гуфтаи ӯ, Киев пайванд ба воқеиятро аз даст дода, тақозо дорад, ки алайҳи Русия таҳримҳои бештари нав ҷорӣ карда шавад.
"Амрико ҳамеша дӯстон ва беҳтарин "фарзандон"-и худро тарк кардааст. Дер ё зуд ин дафъа низ чунин хоҳад буд", - таъкид намуд Медведев.
Ба ақидаи ӯ, маҳз ин воқеият гиряҳои ашковари масхарабозон дар Киевро ба вуҷуд овардааст.
"Онҳо ашк рехта девонавор таҳримҳои бештари нав алайҳи Русияро талаб мекунанд. Ва пули бештари ғарбӣ барои ҷанг мехоҳанд. Танҳо ин метавонад хумори маводи мухаддири онҳоро дароз кунад", - афзуд Медведев.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Маскав аз бесамарии таҳримоту таъминоти аслиҳаю пули низоми Киев гуфта, таъкид намуд, ки ин танҳо амалиёти вижаро тӯл медиҳад, аммо барои бароварда кардани аҳдофи он халал ворид нахоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.