Бонки тоҷикӣ бонки қазоқиро харид

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска банка "Halyk bank"
Вывеска банка Halyk bank - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Обуна шудан
Як бонки тиҷоратии Тоҷикистон сад дарсади саҳмияҳои “Халиқ бонк Тоҷикистон”-ро, ки ширкати тобеи “Бонки мирадумии амонатгузории Қазоқистон” мебоошад, харидааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар бораи харидории 100% саҳмияҳои бонки “Халиқ бонк Тоҷикистон” аз сӯйи Бонки байналмилалии Тоҷикистон, дафтари матбуоти “Халиқ бонк” хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон (LSE: HSBK; KASE: HSBK, HSBKd; AIX: HSBK, HSBK.Y) бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон созишнома дар бораи хариди 100 дарсади саҳмияҳои бонки “Халиқ бонк Тоҷикистон” ба тавофуқ расиданд.
ҶСП “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон” тамоми санадҳои меъёрии заруриро гирифтааст. Интизор меравад, ки созишнома дар бораи харид дар моҳи декабри соли 2022 ба имзо расад.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Раиси “Алиф Бонк” нав шуд
Бонк ҳангоми анҷоми муомилот ва пас аз анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ кор ва хизматрасониро ба муштариён идома дода, тибқи шартҳои шартномаҳои қаблан басташуда ҳама намуди хизматрасониҳои бонкиро пешкаш менамояд.
Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон яке аз бонкҳои бонуфузи Қазоқистон аст, ки дар бахшҳои гуногун, фаъолият мекунад. Ин бонк дар қаламрави Гурҷистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Бонки Байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои муваффақи Тоҷикистон буда, дорои филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии зиёд буда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои муосири бонкиро пешкаш менамояд.
Лентаи хабарҳо
0