Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз пулситонӣ аз номи вазорату сафорат

© Sputnik Посольство Республики Таджикистан в РФ
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби шахсони номаълум саҳифаи қалбакии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пайдо шудааст, ки аз шаҳрвандон пул меситонад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз саҳифаи қалбакие хабар доданд, ки дар он аз шаҳрвандон, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд бо роҳи фиреб пел меситонанд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Сафорат таъкид кардааст, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби шахсони номаълум саҳифаи қалбакии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорат ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия бо мақсади ғаразнок ва фиребгарӣ сохта шудааст.
Ба иттилои сафорат ин шахсон дар саҳифаи мазкур “АНКЕТА” нашр шуда, мардумро барои пур кардани он даъват мекунанд ва аз ҳар тоҷикистонии дар Русия буда талаб гардидааст, ки барои пардохти “кӯмаки якдафъинаи молиявӣ” ба маблағи 12 130 рубли русӣ бояд 893 рубли русӣ маблағи хизматрасонии бонкро пардохт намоянд.
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Сафорат аз ҷон бохтани се муҳоҷири дигар дар вилояти Самараи Русия хабар дод
Сафорат эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки ба чунин саҳифаҳои қалбакӣ бовар накунед, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд
“Ҳадафи ин гуна шахсон ба даст овардани манфиат буда, барои ғаразҳои нопокашон бо нашри ҳар гуна ҳуҷҷатҳо ва наворҳои бардурӯғ ҳамватанонро фиреб медиҳанд”,- таъкид кардааст сафорат.
Ҳамзамон сафорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар суоле дошта бошанд ба сафорат муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0