Далелҳои муҳим дар бораи конститутсияи Тоҷикистон

Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистон 28-умин солгарди қабули конститутсияи кишварро бо шаҳомат ва рӯзҳои истироҳатии давомдор таҷлил хоҳанд кард
Қонуни асосии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994, ду сол пас аз эълони истиқлол, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ қабул шуда, се дафъа "ислоҳ" шудааст.
Вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ соли 1999, соли 2003 ва соли 2016 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.
Санади мазкур дар шароити барои мамлакат душвор қабул карда шуд: дар ин давра дар Тоҷикистон чанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Ба ин далел омодагӣ ба раъйпурсӣ дар чанд марҳила сурат гирифт.
Маълум шуд, ки тоҷикистониён Рӯзи конститутсияро чигуна таҷлил мекунанд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобидаа мешавад.
Мувофиқи ин қонун, ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз ҷашнҳои асосии миллии Тоҷикистон мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0