Маълум шуд, ки тоҷикистониён Рӯзи конститутсияро чигуна таҷлил мекунанд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинКонституция республики Таджикистан, архивное фото
Конституция республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистон 28-умин солгарди қабули конститутсияи кишварро бо шаҳомат ва рӯзҳои истироҳатии давомдор таҷлил хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Рӯзи конститутсияи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бо шуру шавқ таҷлил мегардид.
Аз Раёстаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин бора қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барои омодагиҳо аз таҷлил ин сана ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, тайи рӯзҳои таҷлили ин рӯз дар чаҳор навоҳии пойтахт боғҳо ва дигар маконҳои фарҳангию истироҳатӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ доир мешавад.
"Бо мақсади дар рӯҳияи идона ташкил намудани сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст", - афзуд манбаъ.
Ҳамчунин бар асоси қарори шаҳрдор, дар тамоми муассисаву ташкилоти шаҳрдорӣ ва зерсохторҳои он доир ба аҳамияти таърихии ин санад барномаву мизҳои гирд ва нишастҳо доир мегардад.
Сокинони Тоҷикистон ба ифтихори ин сана се рӯз паиҳам истироҳат мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ Рӯзи конститутсия, ки 6 ноябр таҷлил мешавад, имсол ба якшанбе рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи душанбе рӯзи истироҳат хоҳад буд.
Праздничные и выходные дни 
в Таджикистане на 2022 год
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Тақвими рӯзҳои иди соли 2022 дар Тоҷикистон
Ҳамин тариқ барои таҷлили 27-умин солгарди қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайиҳам – рӯзҳои 5, 6, 7 ноябр истироҳат ва ҳафтаи корӣ аз 8 то 11 чор рӯз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул гардид.
Санади мазкур дар шароити барои мамлакат душвор қабул карда шуд: дар ин давра дар Тоҷикистон чанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Ба ин далел омодагӣ ба раъйпурсӣ дар чанд марҳила сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0