Донишгоҳи омӯзгорӣ донишҷӯёнро аз пардохти маблағи шартнома озод мекунад, вале ба як шарт

© Sputnik / Амир ИсаевПедагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото
Педагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Обуна шудан
Раёсати донишгоҳи мазкур ваъда додааст, ки дар сурати иҷрои шарти гузоштаи онҳо донишҷӯёнро аз пардохт кардани 10-20% маблағи шартнома озод мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон имкон доранд, то 20% маблағи шартномаро насупоранд. Чунин имкониятро барои донишҷӯён Раёсати донишгоҳи мазкур фароҳам овардааст.
Бар хабари котиботи донишгоҳи мазкур, раёсат иниқдомро ба хотири 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ҳамчунин Рӯзи президент ба назар гирифтааст.
Шарти донишгоҳ чунин аст: донишҷӯён бояд аз 15 ноябр чорсад вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисӣбо иловаи ду ғазал аз осори шоирони классику муосир аз бар намоянд”.
Дети поют в детском саду в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Таълим хубу бозӣ не: Вазорат камбуди кӯдакистонҳои хусусии Тоҷикистонро ошкор кард
Ҳамзамон донишҷӯёне, ки маблағи шартномаро пурра супоридаанд, дар сурати иҷрои ин шарт 20% пули онҳо баргардонда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки бо фармоиши Вазири маорифи Тоҷикистон аз 13 сентябри соли равон омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0