Таълим хубу бозӣ не: Вазорат камбуди кӯдакистонҳои хусусии Тоҷикистонро ошкор кард

© пресс-служба главы РТДети поют в детском саду в Согдийской области
Дети поют в детском саду в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Айни ҳол дар Тоҷикистон 130 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд рост меоянд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Вазъи иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои томактабии хусусии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф, дар ҷаласа зикр шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130 муассисаи томактабии хусусӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе - 48, Суғд - 57, НТҶ - 15, вилояти Хатлон - 10 ва ВМКБ 1 муассиса фаъолият мекунанд.
Таъкид шудаст, ки тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон бозӣ қисми таркибии тарбия ва таълими томактабӣ буда, саломатии ҷисмонӣ, инкишофи ҳаракат ва фаъолият аз талаботи асосии қисмати заминавии нақшаи таълимии муассисаи томактабӣ мебошад
Детский сад в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Хурдсолони деҳот кай ба боғчаҳо мераванд? Танҳо 15% кӯдакони Суғд ба кӯдакистон мераванд
"Ҳарчанд дар бархе аз муассисаҳои хусусӣ шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шуда бошад ҳам, мутаассифона, қисме аз муассисаҳои томактабӣ одитарин шароит, аз қабили айвончаи дамгирӣ ва фароғат, майдонча ва ҳавзи шиноварӣ ва бозичаҳои муосиру безарарро надоранд", - омадааст дар иттилоия.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода дар пайи шунидани гузориш дар мавриди муассисаҳои томактабӣ барои ислоҳои камбудиҳо дастур дод.
Аз ҷумла мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ муваззаф шудаанд, ки барои бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои томактабии хусусӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0