ИМА мехоҳад як театри эҳтимолии ҷанг дар Осиёи Марказиро омӯзад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Амрикоиҳо барои омӯзиши театри эҳтимолии амалиёт, мушаххас кардани координатҳои ҳадафҳо ва танзими харитаҳои рақамӣ барои силоҳҳои дақиқи баланд ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад театри эҳтимолии амалиёти низомӣ дар Осиёи Марказиро омӯзад.
Дар ин бора николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои ИДМ изҳор дошт.
"Вашингтон ҳоло ҳам талош дорад, ки бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар мавриди эҷоди инфрасохтори гӯё муваққатӣ дар он ҷо ба хотири анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ ба созиш бирасанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ амрикоиҳо ба ин пеш аз ҳама барои омӯзиши театри эҳтимолии амалиёт, мушаххас кардани координатҳои ҳадафҳои ояндадор ва танзими харитаҳои рақамӣ барои силоҳҳои дақиқи баланд ниёз доранд.
Мавриди ба зикр аст, ки қаблан низ мавсуф дар пайи баргузориши размоишҳо бо ҳузури ИМА дар Тоҷикистон гуфта буд, ки Амрико аҳдофи амалиётияшро меомӯзад.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Патрушев ҳадафи размоиши ИМА дар Тоҷикистонро гуфт
Ҳамчунин ӯ гуфта буд, ки ИМА танҳо дар сухан бо терроризм мубориза мебарад, дар амал чунин гурӯҳҳоро барои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегияш истифода мекунад.
Мавсуф нооромиҳои соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро низ қасди инқилоби ранга хонд, ки Ғарб роҳандозӣ кардаст.
Дар ҳамин ҳол ахиран намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон, Замин Кабулов гуфт, ки ИМА ва Бритониё кишварҳоеанд, ки ДОИШ*-ро дар Афғонистон дастгирӣ мекунанд.
Ӯ гуфт, ки онҳо ин корро ба хотири фишор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дурсозияшон аз Русия анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0