https://sputnik.tj/20220819/patrushev-hadafi-razmoish-ima-tojikistonro-1050830429.html
Патрушев ҳадафи размоиши ИМА дар Тоҷикистонро гуфт
Патрушев ҳадафи размоиши ИМА дар Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти Русия, ИМА аз талошҳо барои ҷой кардани пойгоҳҳои ҳарбии худ дар канори Афғонистон даст накашидааст
2022-08-19T19:15+0500
2022-08-19T19:15+0500
2023-02-08T19:44+0500
осиёи марказӣ
има
николай патрушев
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102077/67/1020776776_0:161:2877:1779_1920x0_80_0_0_f7ffbaeb5add522e0aaf3e4eb9465966.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Русия размоиши амрикоиҳо дар Тоҷикистонро чун талоши Вашингтон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатии низомӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад. Ин нуктаро Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, размоиши "Ҳамкории минтақаӣ-2022" бо иштироки ИМА дар қаламрави Тоҷикистон талоши навбатӣ барои ташкили пойгоҳ дар канори Афғонистон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Русия размоиши таҳти фармондеҳии ИМА бо иштироки Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Покистонро дар қаламрави Тоҷикистонро маҳз аз ҳамин дидгоҳ арзёбӣ менамояд. Дабири Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки ИМА танҳо дар сухан бо терроризм мубориза мебарад, дар амал чунин гурӯҳҳоро барои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегияш истифода мекунад. Дар зимн ӯ таъкид намуд, ки нооромиҳои охир дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ қасди инқилоби ранга буданд, ки Ғарб роҳандозӣ кардаст.
https://sputnik.tj/20220819/rahimzoda-tahdid-asosi-kishvar-shsh-1050817511.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102077/67/1020776776_341:88:2877:1990_1920x0_80_0_0_4b39f6770bfe30e56982b274bf8a8201.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳадаф, размоиш, има, тоҷикистон
ҳадаф, размоиш, има, тоҷикистон
Патрушев ҳадафи размоиши ИМА дар Тоҷикистонро гуфт
19:15 19.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти Русия, ИМА аз талошҳо барои ҷой кардани пойгоҳҳои ҳарбии худ дар канори Афғонистон даст накашидааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Русия размоиши амрикоиҳо дар Тоҷикистонро чун талоши Вашингтон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатии низомӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад.
Ин нуктаро Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, размоиши "Ҳамкории минтақаӣ-2022" бо иштироки ИМА дар қаламрави Тоҷикистон талоши навбатӣ барои ташкили пойгоҳ дар канори Афғонистон мебошад.
"Вашингтон чун пештара талоши созиш бо ҳамсояҳои Афғонистон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатӣ бо ҳадафи муборизаи зиддитеррористиро дорад", - изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, Русия размоиши таҳти фармондеҳии ИМА бо иштироки Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Покистонро дар қаламрави Тоҷикистонро маҳз аз ҳамин дидгоҳ арзёбӣ менамояд.
Дабири Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки ИМА танҳо дар сухан бо терроризм мубориза мебарад, дар амал чунин гурӯҳҳоро барои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегияш истифода мекунад.
Дар зимн ӯ таъкид намуд, ки нооромиҳои охир дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ қасди инқилоби ранга буданд, ки Ғарб роҳандозӣ кардаст.