https://sputnik.tj/20221102/zakharova-tajovuz-ittilooti-ravoni-1052587791.html
Захарова: "ғайридӯст"-ҳо ба таҷовузи иттилоотию равонӣ гузаштаанд
Захарова: "ғайридӯст"-ҳо ба таҷовузи иттилоотию равонӣ гузаштаанд
Sputnik Тоҷикистон
Русия бо таҷовузи иттилоотӣ дучор шудаст, ки бо технологияҳои ҷадиди гибридӣ, ба манзили ҳар сокини оддии кишвар ворид гардидаанд
2022-11-02T17:10+0500
2022-11-02T17:10+0500
2022-11-02T17:10+0500
дар русия
сиёсат
ҷанг
иттилоотӣ
мария захарова
расона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044731845_0:0:3105:1747_1920x0_80_0_0_887f1dddfc34f3377997361076d75d71.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Русия бо таҷовузи густурдаи иттилоотӣ сарукор дорад, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова. Ӯ зимни ҳамоиши расонаии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" дар дафтари гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" гуфт, чунин ҳамлаҳои иттилоотӣ вақтҳои охир шиддат гирифтаанд. Ба андешаи вай, "ғайридӯстон" пеш рафта, ба истифодаи иттилоот ва таъсири равонӣ гузаштанд. Ӯ афзуд, ба истифодаи технологияҳои васлкунандаю гибридӣ гузаштаанд, ки технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва маълумоти шахсиро шомил мебошанд. Захарова изҳор дошт, ки на танҳо сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ ба ин ҳамлаҳои иттилоотӣ дучор шуданд, балки акнун он вориди ҳар хона шудаст. "Зангҳо аз саҳифаҳои мавҷуднабуда, ки ба хидматрасонии бонкӣ марбут дониста мешуданд, истифодаи маълумоти шахсӣ ҳангоми сӯҳбат ва шеваҳои қаллобӣ", - далел овард мақомдори ВУХ Русия. Вай афзуд, ки ин ҳама, тавре ки ҳоло маълум мешавад, хеле пеш аз моҳи феврали соли 2022 аз қаламрави Украина ва ё бо истифода аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷа низ зиндагӣ мекарданд, анҷом дода мешуд.
https://sputnik.tj/20221102/kiselyov-rusiya-jangi-ittilooti-piruz-1052578065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044731845_60:0:2791:2048_1920x0_80_0_0_0a2edb74eed54b4ca4eac63d92907823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, захарова, таҷовуз, иттилоотӣ, равонӣ, хона
ҳушдор, захарова, таҷовуз, иттилоотӣ, равонӣ, хона
Захарова: "ғайридӯст"-ҳо ба таҷовузи иттилоотию равонӣ гузаштаанд
Русия бо таҷовузи иттилоотӣ дучор шудаст, ки бо технологияҳои ҷадиди гибридӣ, ба манзили ҳар сокини оддии кишвар ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Русия бо таҷовузи густурдаи иттилоотӣ сарукор дорад, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова.
Ӯ зимни ҳамоиши расонаии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" дар дафтари гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" гуфт, чунин ҳамлаҳои иттилоотӣ вақтҳои охир шиддат гирифтаанд.
"Ин таъсире нест, ин ҳамла, таҷовузи воқеӣ аст, ки аз як қатор ҷузъҳои таркибӣ иборат мебошад, ки ин ба ҳеч ваҷҳ танҳо фейку дурӯғпароканӣ нест", - гуфт Захарова.
Ба андешаи вай, "ғайридӯстон" пеш рафта, ба истифодаи иттилоот ва таъсири равонӣ гузаштанд.
Ӯ афзуд, ба истифодаи технологияҳои васлкунандаю гибридӣ гузаштаанд, ки технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва маълумоти шахсиро шомил мебошанд.
Захарова изҳор дошт, ки на танҳо сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ ба ин ҳамлаҳои иттилоотӣ дучор шуданд, балки акнун он вориди ҳар хона шудаст.
"Зангҳо аз саҳифаҳои мавҷуднабуда, ки ба хидматрасонии бонкӣ марбут дониста мешуданд, истифодаи маълумоти шахсӣ ҳангоми сӯҳбат ва шеваҳои қаллобӣ", - далел овард мақомдори ВУХ Русия.
Вай афзуд, ки ин ҳама, тавре ки ҳоло маълум мешавад, хеле пеш аз моҳи феврали соли 2022 аз қаламрави Украина ва ё бо истифода аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷа низ зиндагӣ мекарданд, анҷом дода мешуд.