https://sputnik.tj/20221102/kiselyov-rusiya-jangi-ittilooti-piruz-1052578065.html
Киселёв: Русия дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз мешавад
Киселёв: Русия дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи Русия ҷанги иттилоотӣ роҳандозӣ гардидааст, аммо ҳақиқат дар ҷониби мост, изҳор дошт мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня"
2022-11-02T13:00+0500
2022-11-02T13:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
идм
россия сегодня
дмитрий киселёв
вао
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039084969_0:0:3016:1697_1920x0_80_0_0_108c976eaf68f15a5ac7f5873c9b4f1a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Русия дар ҷанги иттилоотии роҳандозишуда алайҳаш намебозад ва ҳатман дар ниҳоят пирӯз хоҳад шуд. Ин нуктаро мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня", Дмитрий Киселёв зимни ҳамоиши "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" дар Маскав баён дошт. Вай гуфт, дар ҷанги итилоотӣ алайҳи Русия ҳеч гузаште сурат нагирифта истодааст, аммо ҳақиқат дар ҷониби мост. "Таҷовузи иттилоотии ошкоро сурат гирифта истодааст, тамоми воситаҳои имконпазир дар ҷангҳои иттилоотиро истифода мебаранду васоили навро ихтироъ мекунанд. Аммо муваффақ нахоҳанд шуд, зеро ҳақиқат аз ҷониби мост ва зидди онҳоест, ки алайҳи Русия ва амалан бар зидди тамоми ҷаҳон таҷовуз оғоз кардаанд” ,- гуфт ӯ. Вай далел овард, ки агар ҳақиқат дар бораи таркиши лӯлаҳои газ ба Аврупо гуфта шавад, он гоҳ ин бар зидди англосаксонҳо ва ба нафъи Русия хоҳад буд, маҳз барои ҳамин онро намегӯянд. Ба гуфтаи ӯ, дар як қатор мавзӯъҳои дигар низ вазъият ҳамин аст. Киселёв ҳамчунин изҳори итминон кард, ки Русия дар ҷангҳои иттилоотӣ мағлуб намешавад. "Мо муттаҳиду устуворем ва то пирӯзии комил ин масофаро тай мекунем", - афзуд ӯ. Маврид ба зикр аст, ки Маскав дар форуми "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" феълан идома дорад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Гурӯҳи расонаии байналмилалии "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботи оммаи Русия ташкил карда шудаст. Мавзӯи аслии ҳамоиш таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20221102/hamoishi-rasonaii-kishvarhoi-idm-pakhshi-mustaqim-1052576406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039084969_144:0:2873:2047_1920x0_80_0_0_03deaa7f04a706aa5195480b6d2ac582.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, русия, ҷанг
Киселёв: Русия дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз мешавад
13:00 02.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Алайҳи Русия ҷанги иттилоотӣ роҳандозӣ гардидааст, аммо ҳақиқат дар ҷониби мост, изҳор дошт мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня"
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Русия дар ҷанги иттилоотии роҳандозишуда алайҳаш намебозад ва ҳатман дар ниҳоят пирӯз хоҳад шуд.
Ин нуктаро мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня", Дмитрий Киселёв зимни ҳамоиши "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" дар Маскав баён дошт.
Вай гуфт, дар ҷанги итилоотӣ алайҳи Русия ҳеч гузаште сурат нагирифта истодааст, аммо ҳақиқат дар ҷониби мост.
"Таҷовузи иттилоотии ошкоро сурат гирифта истодааст, тамоми воситаҳои имконпазир дар ҷангҳои иттилоотиро истифода мебаранду васоили навро ихтироъ мекунанд. Аммо муваффақ нахоҳанд шуд, зеро ҳақиқат аз ҷониби мост ва зидди онҳоест, ки алайҳи Русия ва амалан бар зидди тамоми ҷаҳон таҷовуз оғоз кардаанд” ,- гуфт ӯ.
Вай далел овард, ки агар ҳақиқат дар бораи таркиши лӯлаҳои газ ба Аврупо гуфта шавад, он гоҳ ин бар зидди англосаксонҳо ва ба нафъи Русия хоҳад буд, маҳз барои ҳамин онро намегӯянд. Ба гуфтаи ӯ, дар як қатор мавзӯъҳои дигар низ вазъият ҳамин аст.
Киселёв ҳамчунин изҳори итминон кард, ки Русия дар ҷангҳои иттилоотӣ мағлуб намешавад.
"Мо муттаҳиду устуворем ва то пирӯзии комил ин масофаро тай мекунем", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Маскав дар форуми "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" феълан идома дорад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Гурӯҳи расонаии байналмилалии "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботи оммаи Русия ташкил карда шудаст.
Мавзӯи аслии ҳамоиш таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ шудаст.