https://sputnik.tj/20220929/namoyandagi-oriyonbonk-toshkand-sarvar-1051756503.html
Маълум шуд, намояндагии "Ориёнбонк" дар Тошкандро кӣ сарварӣ мекунад
Маълум шуд, намояндагии "Ориёнбонк" дар Тошкандро кӣ сарварӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон мудири ҷадиди як филиали бузургеро, ки дар пойтахти Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт, таъин кардааст
2022-09-29T13:35+0500
2022-09-29T13:35+0500
2022-09-29T13:35+0500
дар тоҷикистон
бонк
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102839/13/1028391369_160:0:1182:575_1920x0_80_0_0_4e1bde6a1a4fd7573af03f4d403724c1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. “Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, дар Ӯзбекистон филиалашро боз ва раҳбарашро таъйин кард.Ин дуввумин бонки Тоҷикистон аст, ки дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз мекунад. Дар “Ориёнбонк” дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки намояндагӣ дар шаҳри Тошканди кишвари ҳамсоя фаъол шуда, Умед Давлатзод, яке аз муовинони раиси бонк раҳбарии онро ба дӯш хоҳад дошт. Умед Давлатзод, номзади улуми иқтисодӣ, соли 1975 дар деҳаи Дараи Ниҳони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай пас аз як давраи кор дар факултаи иқтисоду банақшагирии иҷтимоии ин донишгоҳ аз соли 2003 ба “Ориёнбонк” ба кор омад ва то вазифаи муовини раиси бонк иртиқоъ ёфт. Умед Давлатзод аз соли 2009 то 2017 муовини вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон буд. Пас аз хатми ин вазифа дигарбора ба “Ориёнбонк” баргашт ва муовини раиси бонк таъйин шуд. Ҳамакнун ин вазифаро ҳам нигоҳ медорад ва ҳам раҳбари намояндагии “Ориёнбонк” дар Ӯзбекистон хоҳад буд. Бори аввал “Алиф бонк” – и Тоҷикистон соли 2019 дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз карда буд.
https://sputnik.tj/20220815/oriyonbonk--kishvar-osiyoi-markazi-namoyandagi-1050721361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102839/13/1028391369_287:0:1054:575_1920x0_80_0_0_d58201ea02bf2f2d3e9fdaa1ec699792.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намояндагии "ориёнбонк" дар тошкандро кӣ сарварӣ мекунад
намояндагии "ориёнбонк" дар тошкандро кӣ сарварӣ мекунад
Маълум шуд, намояндагии "Ориёнбонк" дар Тошкандро кӣ сарварӣ мекунад
Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон мудири ҷадиди як филиали бузургеро, ки дар пойтахти Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт, таъин кардааст
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. “Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, дар Ӯзбекистон филиалашро боз ва раҳбарашро таъйин кард.
Ин дуввумин бонки Тоҷикистон аст, ки дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз мекунад.
Дар “Ориёнбонк” дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки намояндагӣ дар шаҳри Тошканди кишвари ҳамсоя фаъол шуда, Умед Давлатзод, яке аз муовинони раиси бонк раҳбарии онро ба дӯш хоҳад дошт.
“Тамоми расмиёт анҷом шуда, кор шуруъ шудааст. Ҳадаф аз ифтитоҳи намояндагӣ мусоидат ба рушди ҳамкориҳои бонкиву тиҷоратӣ ва дар умум иқтисодӣ аст”, - гуфт манбаъ.
Умед Давлатзод, номзади улуми иқтисодӣ, соли 1975 дар деҳаи Дараи Ниҳони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Вай пас аз як давраи кор дар факултаи иқтисоду банақшагирии иҷтимоии ин донишгоҳ аз соли 2003 ба “Ориёнбонк” ба кор омад ва то вазифаи муовини раиси бонк иртиқоъ ёфт.
Умед Давлатзод аз соли 2009 то 2017 муовини вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон буд. Пас аз хатми ин вазифа дигарбора ба “Ориёнбонк” баргашт ва муовини раиси бонк таъйин шуд.
Ҳамакнун ин вазифаро ҳам нигоҳ медорад ва ҳам раҳбари намояндагии “Ориёнбонк” дар Ӯзбекистон хоҳад буд. Бори аввал “Алиф бонк” – и Тоҷикистон соли 2019 дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз карда буд.