https://sputnik.tj/20221102/afghoniston-dom-balo-afzoish-kisht-istehsol-geroin-1052581852.html
Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир
Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир
Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон аз афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст. Чунин вазъ ваъдаи толибонро зери суол мебарад
2022-11-02T16:10+0500
2022-11-02T16:10+0500
2022-11-02T16:10+0500
афғонистон
толибон
маводи мухаддир
ҳашиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102826/83/1028268396_0:0:3023:1700_1920x0_80_0_0_d2d19e77c42bba1a1ae801c2da1d6b74.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишту истеҳсоли афъюн дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.Ба гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки раҳбари толибон дар баҳори соли ҷорӣ кишти афъюнро мамнӯъ карда буданд. Онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки дар даврони ҳукуматаҳон ба ин самт таваҷҷуҳ карда, сатҳи кишту истеҳсоли онро коҳиш медиҳанд. Аммо оморҳо баръакси ваъдаҳо шуд.Афғонистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони афюн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки ҳиссаи он тибқи баъзе гузоришҳо 80% аст. Дар ин кишвар тақрибан чаҳор миллион нафар муътоди маводди мухаддир буда, беш аз 500 ҳазор нафар ба тиҷорат, кишт ва қочоқи маводди мухаддир машғуланд.Дар солҳои 1996 то 2021 низ, ки толибон дар ин кишвар қудрат доштанд, манбаи аслии даромади ҳукумати ташкилкардаи онҳо истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир буд. Ҳарчанд дар он вақт онҳо Комиссияи олии мубориза бо маводи мухаддирро таъсис дода буданд, беш аз 96% кӯкнор дар Афғонистон дар ихтиёри ин гуруҳ тавлид мешуд.Дар ҳамин ҳол, ба андешаи таҳлилгарон ин гуруҳ дар замони ҳукумати кунунияш низ аз ин роҳ даст нахоҳад кашид, чун даромади асосияш аз ин манбаъ буду ҳаст.Қаблан Хадамоти марзбонии Тоҷикистон низ аз афзоиши шумораи корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва афзоиши истеҳсоли ҳероин хабар дода буд.Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар як конфронси байнулмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфта буд, ки то охири соли 2021 дар кишвар беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ин рақам 2,5 тонна буд. Ба гуфтаи вай, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели хатари дигар аз Афғонистон – террористон ба ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз доранд.
https://sputnik.tj/20221019/nigaronii-tojikiston-tavlidi-mavodi-mukhaddir-afghoniston-1052258591.html
https://sputnik.tj/20221018/dushanbe-terrorist-pul-1052207371.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102826/83/1028268396_292:0:3023:2048_1920x0_80_0_0_17604fe8702b07b4d4ad15bbe9988730.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон дом бало кишт истеҳсол мавод мухаддир
афғонистон дом бало кишт истеҳсол мавод мухаддир
Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир
Дар Афғонистон аз афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст. Чунин вазъ ваъдаи толибонро зери суол мебарад
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишту истеҳсоли афъюн дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.
Ба гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки раҳбари толибон дар баҳори соли ҷорӣ кишти афъюнро мамнӯъ карда буданд. Онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки дар даврони ҳукуматаҳон ба ин самт таваҷҷуҳ карда, сатҳи кишту истеҳсоли онро коҳиш медиҳанд. Аммо оморҳо баръакси ваъдаҳо шуд.
Афғонистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони афюн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки ҳиссаи он тибқи баъзе гузоришҳо 80% аст. Дар ин кишвар тақрибан чаҳор миллион нафар муътоди маводди мухаддир буда, беш аз 500 ҳазор нафар ба тиҷорат, кишт ва қочоқи маводди мухаддир машғуланд.
Дар солҳои 1996 то 2021 низ, ки толибон дар ин кишвар қудрат доштанд, манбаи аслии даромади ҳукумати ташкилкардаи онҳо истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир буд.
Ҳарчанд дар он вақт онҳо Комиссияи олии мубориза бо маводи мухаддирро таъсис дода буданд, беш аз 96% кӯкнор дар Афғонистон дар ихтиёри ин гуруҳ тавлид мешуд.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи таҳлилгарон ин гуруҳ дар замони ҳукумати кунунияш низ аз ин роҳ даст нахоҳад кашид, чун даромади асосияш аз ин манбаъ буду ҳаст.
Қаблан Хадамоти марзбонии Тоҷикистон низ аз афзоиши шумораи корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва афзоиши истеҳсоли ҳероин хабар дода буд.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар як конфронси байнулмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфта буд, ки то охири соли 2021 дар кишвар беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ин рақам 2,5 тонна буд.
Ба гуфтаи вай, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели хатари дигар аз Афғонистон – террористон ба ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз доранд.