Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон

© Sputnik / Сергей Жуков сок мака
 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон аз афзоиши шумораи корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва афзоиши истеҳсоли ҳероин хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тайи як соли ахир ҳаҷми тавлид ва паҳншавии маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кишваршо Хушвахт хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Афғонистон маводи мухаддири синтетикӣ бештар тавлид мешавад.
"Истехсоли маводи мухаддири синтетикӣ, бахусус, метамфетамин афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, афзоиши назарраси корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Кишваршо Хушвахт.
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, афзоиши тавлид ва паҳншавии афюн ва ҳероин ба қайд гирифта шудааст.
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Кишту қочоқи маводи мухаддир - манбаи даромдаи ним миллион ҷамъияти Афғонистон
Дар маҷмӯъ дар соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 650 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар як конфронси байнулмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфта буд, ки то охири соли 2021 дар кишвар беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ба гуфтаи вай, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели хатари дигар аз Афғонистон – террористон ба ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0