https://sputnik.tj/20221018/dushanbe-terrorist-pul-1052207371.html
Душанбе гуфт, террористҳо пулро аз куҷо меёбанд
Душанбе гуфт, террористҳо пулро аз куҷо меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон манбаи аслии даромади гуруҳҳои террористиро, ки дар Афғонистон фаъол шуда истодаанд, қочоқи маводи мухаддир номид
2022-10-18T18:36+0500
2022-10-18T18:36+0500
2022-10-18T18:36+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қочоқ
маводи мухаддир
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e259750500f925d29b57bfb018f2e253.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон майли афзоиш дорад, изҳор дошт додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон. Ӯ зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфт, агар соли 2020 ҳудуди 2,5 тон маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шуда бошад, ин нишондод соли 2021 ҳудуди 4 тоннаро ташкил дод. Вай таъкид намуд, ки даромад аз қочоқи маводи мухаддир сарчашмаи асосии таъминоти молии гуруҳҳои террористӣ мебошад. Дар зимн вай аз интиқоли ҷангиёни террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба минтақаҳои дигар ҳушдор дода, зарурати таҳкими ҳифзи марзҳоро бори дигар таъкид намуд. Аз ҷумла изҳор дошт, ки аъзои гуруҳҳои террористи "Ал-қоқида"*, "ДОИШ"*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*, "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ"*, ҲНИТ* "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* фаъолшавияшонро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон идома дода истодаанд.Вай кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои террористӣ ба далели марзи тӯлонияш бо Афғонистон, осебпазир хонд.Юсуф Раҳмон таҳдидҳои махсуси қаноти ДОИШ* бо номи Хуросонро зикр намуд, ки ба гуфтаи ӯ ҳудуди 5 ҳазор ҷангҷӯйро дар бар мегирад. Ин қанот нияти бозсозии Хурсони бузургро дорад, ки замоне қаламрави Афғонистону Осиёи Миёнаи феълиро дар бар гирифт, афзуд ӯ. Ба гуфтаи Раҳмон, бо назардошти дарозии сарҳад, мураккабии мавзеи ҷуғрофӣ ва зӯргӯиҳои гуруҳҳои террористӣ вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамин тариқ ба кишварҳои дигар беш аз пеш аён шуда истодааст. Дар ин робита муҳим хонда шуд, ки барои ҳифзи сарҳадоти Осиёи Марказӣ талоши муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардад.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20221018/tojikstoni-khorij-ba-vatan-bargasht-sabab-1052219596.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04c23b9db31d7079ec71859a2bcbbf18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манбаъ, пул, террорист, маълум
манбаъ, пул, террорист, маълум
Душанбе гуфт, террористҳо пулро аз куҷо меёбанд
Додситони кулли Тоҷикистон манбаи аслии даромади гуруҳҳои террористиро, ки дар Афғонистон фаъол шуда истодаанд, қочоқи маводи мухаддир номид
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон майли афзоиш дорад, изҳор дошт додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон.
Ӯ зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфт, агар соли 2020 ҳудуди 2,5 тон маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шуда бошад, ин нишондод соли 2021 ҳудуди 4 тоннаро ташкил дод.
Вай таъкид намуд, ки даромад аз қочоқи маводи мухаддир сарчашмаи асосии таъминоти молии гуруҳҳои террористӣ мебошад.
Дар зимн вай аз интиқоли ҷангиёни террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба минтақаҳои дигар ҳушдор дода, зарурати таҳкими ҳифзи марзҳоро бори дигар таъкид намуд.
Аз ҷумла изҳор дошт, ки аъзои гуруҳҳои террористи "Ал-қоқида"*, "ДОИШ"*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*, "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ"*, ҲНИТ* "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* фаъолшавияшонро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон идома дода истодаанд.
Вай кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои террористӣ ба далели марзи тӯлонияш бо Афғонистон, осебпазир хонд.
Юсуф Раҳмон таҳдидҳои махсуси қаноти ДОИШ* бо номи Хуросонро зикр намуд, ки ба гуфтаи ӯ ҳудуди 5 ҳазор ҷангҷӯйро дар бар мегирад. Ин қанот нияти бозсозии Хурсони бузургро дорад, ки замоне қаламрави Афғонистону Осиёи Миёнаи феълиро дар бар гирифт, афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Раҳмон, бо назардошти дарозии сарҳад, мураккабии мавзеи ҷуғрофӣ ва зӯргӯиҳои гуруҳҳои террористӣ вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамин тариқ ба кишварҳои дигар беш аз пеш аён шуда истодааст. Дар ин робита муҳим хонда шуд, ки барои ҳифзи сарҳадоти Осиёи Марказӣ талоши муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия