Дар ИМА гуфтанд, кӣ бояд Зеленскиро маҷбур ба музокирот кунад

© Пресс-служба президента УкраиныПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Барои аз сар гирифтани музокироти Украина бо Русия, яке аз кишварҳо бояд ба раисиҷумҳури худ фишор оварад, чунин мешуморад рӯзноманигори америкоӣ
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд ба ташкили музокироти Русия ва Украина барои хатми низоъ мусоидат кунад.
Дар ин бора нашрияи The National Interest навиштааст.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Ҳю Де Сантис, маҳз Вошингтон қодир аст ба Киев фишор оварад, то музокиротро бо Маскав идома диҳад.
"Давлатҳо ва муттаҳидони онҳо бояд Зеленскийро мутақоид гардонанд, ки музокиротро барои хотима додан ба ҷангҳои давомдор оғоз кунад ва эътироф кунад, ки Ғарб берун аз Украина низ манфиатҳои амниятӣ дорад",- қайд кардааст мавсуф.
Вай таъкид кард, ки масъулияти раванди қатъшудаи музокирот бар дӯши раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аст.
Сардори Қасри Сафед ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро ба демократия ва худкомаҳо тақсим мекунад: чунин "сиёсати дутоӣ" ба дарки зарурати гуфтушунид бо Россия халал мерасонад.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Медведев: ҳаёти украиниҳо дар бозии ИМА аз абзори харидуфурӯш беш нест
Илова бар ин, нақши муқаррарии гегемон барои Иёлоти Муттаҳида ба муколама халал мерасонад, менависад журналист.
Амрикоиҳо то ҳол фикр мекунанд, ки онҳо ҷаҳонро бо қоидаҳои худ бозӣ медоранд. Бо вуҷуди ин, вай кайҳо боз бисёрқутбӣ шудааст ва ба Вашингтон итоат карданро қатъ кардааст, изҳор дошт де Сантис.
"Дар як низоми тағйирёбандаи ҷаҳон, ки дигар зери ҳукмронии Амрико нест, Иёлоти Муттаҳида бояд дар буҳронҳое мисли Украина интихоби душвор кунад", - хулоса кард рӯзноманигор.
Лентаи хабарҳо
0